МАҲФИЛИ ТАРБИЯВИИ «ВОРИСОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ»
Санаи 28-уми ноябр дар факултети забонҳои шарқ маҳфили тарбиявии «Ворисони Пешвои миллат» таҳти унвони «Пешвои миллат ва худшиносии миллӣ» баргузор гардид.
Ҳадафи асосии баргузории маҳфил омӯзиши асарҳои Пешвои миллат, баланд бардоштани дониши сиёсии донишҷӯён, тарбия намудани ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, тарғиби арзишҳои миллӣ ва дарёфти истеъдодҳои нав унвон мешавад.
Дар ҷараёни маҳфил ҷанбаҳои тарбиявию ахлоқии осари арзишманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – «Чеҳраҳои мондагор» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Устодон ва иштирокчиён аҳаммияти илмиву адабӣ, таърихӣ ва нақши тарбиявии ин осарро шарҳ дода, ба паҳлӯҳои хоссаи он таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Дар идома, миёни донишҷӯёни факултет озмуни зеҳнсанҷии «Заковат» баргузор шуд. Иштирокчиён донишу маҳорат ва фикррониашонро дар асоси муҳтавои китоб нишон дода, дар ниҳоят ғолибон қадрдонӣ гардиданд.
Маркази иттилоот ва таҳлил