МАҲФИЛИ «РОБОТОТЕХНИКА ВА ЗЕҲНИ СУНЪӢ»
Дар доираи эълон гардидани солҳои 2025-2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» маҳфили навбатии «Робототехника ва зеҳни сунъӣ» дар факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотии Донишгоҳ баргузор гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки маҳфил ҳар моҳ як маротиба бо иштироки олимони ҷавон, роҳбарони донишҷӯёни ихтироъкору навовар ва худи аъзои маҳфил доир гардида, дар он амалишавии лоиҳаҳо бо истифода аз усулҳои бозӣ ва фикрронии коллективӣ омӯзонида мешавад.
Мақсад аз ташкили маҳфили мазкур омода намудани мутахассисони сатҳи баланди самти фанноварӣ, зеҳни сунъӣ ва тайёр намудани донишҷӯён ба озмуну олимпиадаҳои вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ унвон мешавад.
Маркази иттилоот ва таҳлил