Изҳорот: Кабирӣ ва чолишҳои ҷудоихоҳонаи ӯ

Муҳиддин Кабирӣ дар пасманзари бемории ҳамагири коронавиру ҳадафҳои ҷудоиҳоҳонаи худро пиёда карда истодааст. Дар муддати ворид шудани ин беморӣ ба Тоҷикистон иғвогариҳои ӯ ва ҳаммаслаконаш васеътар шуда, мардуми тоҷикро ба таҳлука оварда истодааст. Яке аз пешниҳодҳои ӯ ба воситаи сомонаҳои душманони халқи тоҷик аз нав ташкил кардани ҳукумат ба шумор меравад. Ӯ таҷрибаи нав шудани ҳукумати марказиро дар солҳои навадуми асри гузашта алакай дар хотир баровардааст ва ё як бори дигар мехоҳад ба ҷанги бародарӣ қаламрави мамлакатро кашад. Як бор агар ба таърих назар андозем мебинем, ки дар Тоҷикистон ҷанги калон, яъне ҷанги шаҳрвандӣ шуда гузашт ва дар ҳамон давраҳо мардуми Тоҷикистон дар азобу уқубатҳо монда буд. Чи хеле ки медонем ҷанг ин ҳодисаест, ки ба он мардум ҳиссиёти мухолиф доранд. Ҳеҷ ҷиз бе пайгирӣ намемонад... Ҳатто пас аз солҳои тӯлонӣ ҷанг дар хотираҳои мардум ҳамчун даҳшат боқӣ мемонад: гуруснагӣ, ҷудоӣ, марг. Ҳамаи ин хотираҳои даҳшатбор дар дил ва хотири мардум боқӣ мемонад.

Дар ҳамон вақти душворӣ ҳукумат тавонист, ки сулҳро пойдор созад. То ҳол асорати ин ҷанг дар иқтисодиёти давлат таъсири худро дорад. Мардум кӯшиш кард, ки ғарибонро ба ватани худ баргардонад ва як чанд корхонаю мактабҳо ба кори худ шурӯъ кунанд. Боиси қайд аст, ки мардум аллакай аз зӯроварӣ метарсанд ва бисёртар ба оромию беҳбудӣ ниёз доранд.

Бинобар он бояд шукрона кард, ки дар давлати мо сулҳуамният пойдор аст.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ