​КОРРУПСИЯ ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБИ ҶОМЕАИ МУОСИР

“Мубориза бар зидди коррупсия ва ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионӣ низ самти афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии давлат мебошад. Зеро ҷиноятҳои коррупсионӣ асоси давлату давлатдорӣ, фаъолияти муътадили мақомоти давлатиро халалдор намуда, ба раванди рушди иҷтимоию иқтисодӣ, ахлоқу афкори ҷамъият ва дигар паҳлуҳои ҳаёти ҷомеа таъсири шадиди манфӣ мерасонад”.

Эмомалӣ Раҳмон

Дар айни замон амалҳои номатлуб ба монанди терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ки вабои қарни технологӣ ба ҳисоб меравад олами ҳастиро такон дода истода фарогир аст. Кирдорҳои номатлуби барои инсонияти олам бегона ба монандифасод ё худ коррупсия натиҷаи он мебошад.

Амалҳои коррупсионӣ дорои хусусияти манфӣ дар байни инсоният шуморида шуда барои рушди иқтисодиёт ва некуаҳволии мардум, амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, суботу оромии ҳар як кишвар монеаи қатъӣ менамояд. Ин амалҳо хавфи ниҳоят калон яъне нобоварии мардумро нисбат ба мақомоти давлатӣ ба вуҷуд оварда истода ба шуурнокии халқҳо таъсири манфӣ расонида истодааст.

Ҳоло амалҳои коррупсионӣ дар тамоми олами муосир аз мушкилоти дохилӣ ба монанди норасоии маоши миёнаи мардум ва қонеъ карда натавонистани талаботи маънавӣ ва иҷтимоии халқ ба муаммои умумиҷаҳонӣ табдил ёфтааст.

Падидаҳои барои ҷамъияти мо бегона ба маблағҳои тайёр ва бемеҳнат одат намуда ба амалҳои коррупсионӣ даст мезананд. Ҳоло амалҳои коррупсионӣ ба муаммои мушкил ва душворҳалшавандаи замони муосир табдил ёфтааст.

Фардҳое, ки маблағ ва ё туҳфаҳоро барои гирифтани амал ва рутбаҳо дар ҷамъият кор мефармоянд баташкилкунанда ва рушддиҳандаи амалҳои коррупсионӣ сабабгор мебошанд. Ҳоло бесаводӣ ва шуури казоӣ надоштани ин падидаи номатлуб ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст.

Бо мақсади пешгирӣ намуданиин ҷараёнҳо ба монанди ришвахӯрӣ, тамаъҷӯӣ, миёнаравӣ ваамалҳои коррупсионӣ аз ҷониби Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид Конвенсияи СММ қабул карда шудааст, ки ватани мо - Ҷумҳурии Тоҷикистон онро аз таҳти дил пазируфтааст.

Ҳуҷҷати мазкур дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар таҳия ва тасдиқ гардида тамоми мардуми тоҷик аз он бархурдор гардидааст.

Коррупсия – ин яке аз падидаи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ба ҳисоб рафта дар фаҳмиши ҷамъиятӣмафҳум, мақсад ва мароми якхела надорад.

Имрӯзҳо дар ҷамъият муносибати аҳолии кишвар бо коррупсия гуногун буда, онро дар намуди ришваситонӣ, сӯистифода аз мансаб, судхӯрӣ, хушомад задан ва амсоли инҳо меҳисобанд. Бо вуҷуди ин, новобаста аз зиёд будани фикру ақидаҳои гуногун нисбат ба коррупсия, аксарияти одамон ақида доранд, ки ин амал ҳамчун зуҳуроти номатлуб пояҳоиҷомеаро зери хатар мегузорад ва гузошта истодааст. Барои ҳамин, ҷомеаи ҷаҳониро зарур омад, ки алайҳи ин падидаи номатлуб чораҳои зарурии ба қонун вобаста андешанд.

Коррупсия ҳамчун зуҳуротихавфноки ҷомеаи имрӯза дар тамоми ҷаҳонякеаз унсурҳоитаҳдидкунандаба амниятимиллӣ ва халалдоркунандаи рушди босуботи иқтисодӣ ваиҷтимоии давлат эътироф гаштааст, ки он ба пешрафти иқтисодиёт халал расонида, бунёди ҷомеаи демократиро суст месозад ва расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ таъсири манфӣ мерасонад.

Аз ин рӯ, ҳанӯз аз рӯзҳоиаввали соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва пеш аз ҳамаАсосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои аз байн бурдани чунин падидаи номатлуб мекӯшиданд ва кӯшида истодаанд. Мубориза бар зиддиин падида ҷомеаи ҷаҳониро бар пой хезонидааст.

Оид ба ин муаммои умумиҷаҳонӣқабул намудани«Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012» аз 26-уми январи соли 2008, №34; «Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» аз 30-юми августи соли 2013, №1504 ва «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» аз 3-юми августи соли 2021, №222 натиҷаҳои мусбат дода дар айни замон низ манфиати он аз байн нарафтааст.

Ҳукумати кишварамон – Тоҷикистон муборизаи беамони худро барои коҳиш додани сатҳи болоравии коррупсия дар кишвари азизамон акз рӯи заминаи воқеию ҳуқуқӣ ташаккул додааст. Барои ҳамин дар ҳама муассисаҳо ва корхонаҳои давлатию ғайридавлатӣ нисбати ин падидаи номатлуб чораҳои амалӣ меандешанд.

Барои пешгирӣ аз ҳама гуна ҷинояту ҷинояткорӣ ва мубориза бо коррупсия 31-уми октябри соли 2003 Конвенсияи Созмони Миллали Муттаҳид зидди коррупсия қабул карда шуд ва 9-уми декабри соли 2003 дар давлатиМексика Конфронси сиёсии дар сатҳи баланд бо иштироки намояндагони зиёда аз 100 давлати дунё иштирок намуданд.

Дар таърихи 9 - уми декабри соли 2003 бо ташаббуси Маҷмааи Созмони Миллали Муттаҳид рӯзи мубориза бо коррупсия дар тамоми ҷаҳон эълон гардидааст

Коррупсия, ришвахӯрӣ рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ, болоравии иқтисодиёт ва некуаҳволии иҷтимоиро боз медорад, умедҳои ҷавононро ба оянда коҳиш медиҳад, табақаҳои ниёзманди аҳолиро аз расидан ба рӯзи нек маҳрум мекунад.

Созмони Миллали Муттаҳид дар ин самт ба муваффақияти зиёд ноил гардидаанд ва ҳамаи давлатҳои ҷаҳон атрофи ин муаммо яънемуқовимат ба коррупсия, чун монеаи рушд муттаҳид гардидаанд.

Дар хулоса чунин қайд менамоем, ки мақомотҳои давлатӣва аҳолии мамлакат бар зидди кирдорҳои коррупсионӣ муборизабурда, дастуру супоришҳои Пешвои миллатро сармашқи кори хеш қарор медиҳем. Мо тоҷикон зиндагии шоистаробо дасту дили пок мепазирем.Ҷавононро дар руҳияи худшиносиву худогоҳӣ,хештаншиносӣ, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ ва даст назадан ба амалҳои номатлуби замони муосир раҳнамоӣ намуда, бо ин восита баҳри рушд ва инкишофи ватани азизамонТоҷикистонхизмат менамоем.

Коррупсия боиси бетартибиҳои зиёд ҷангҳои пай дар пай, хушунат ва парокандагии ҷомеаҳо мегардад.

Дар ҷаҳон оид ба сабабҳои коррупсия аз тарафи як қатор олимон ва сиёсатмадорони дохилу хориҷи кишвар тадқиқотҳои зиёд гузаронида шудаанд, ва мо бояд бо масъалаи мубориза бо коррупсия ба таври махсус машғул шавем.

Натиҷаҳо ва таъсири сиёсати зиддикоррупсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон назаррас буда, дар шароити имрӯза метавонад боисибаланд гардидани маърифати аҳолӣ ва сатҳи эътимоди онҳо ба давлат шавад.

Сиёсати зиддикоррупсионӣ барои таъмини қонун, рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар мусоидат намуда, қадами муҳим ва устувор ҷиҳати коҳиш додани коррупсия мебошад. Ин сиёсат барои таъмини адолат, ва пешгирии амалҳои ғайриқонунӣ дар тамоми бахшҳои давлат ва ҷомеа мусоидат мекунад.

Гуфтан ҷоиз аст, ки Тоҷикистон бо ташаккули сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ ва фароҳам овардани заминаҳои мусоид барои муқовимати пурзӯрба ин зуҳуротмуваффақшудааст.

Имрӯзҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ бо мақсади аз байн бурдани ҳолатҳои коррупсионӣ ва баланд бардоштани сатҳи донишу тафаккури шаҳрвандон аз тарафи мутахассисони соҳа мунтазам дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва касбӣ ва инчунин дар дигар корхонаву идораҳои давлатӣ суҳбатҳо, вохӯриҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ ташкил ва баргузор мегарданд.

Мо бояд тамоми омилҳо ва сабабҳоикоррупсиониро ҳамаҷониба омӯхта, таҳлил намоем ва тамоми қувваҳои солими ҷомеаи шаҳрвандиробарои пешгирии ин зуҳуроти хатарнок сафарбар намоем.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои вобаста бо коррупсияки ин амалро ба вуҷуд меорад, аҳамияти калон дода шуда, як қаторқонунҳо, консепсияҳо, стратегияҳо доир ба ин мавзуъ таҳия ва тасдиқ гардидаанд ҷиҳати баланд бардоштани сиёсати зиддикоррупсионӣ корҳои зиёде ба анҷом расонида шудааст.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба омӯзиш ва таҳлили мушкилоти коррупсия таваҷҷуҳи зиёд дода шудааст, ки яке аз сабабҳои асосии сар задани амалҳои коррупсионӣ,заминаҳои ҳуқуқии мубориза бо амалҳои коррупсионӣ аз тарафи сиёсатшиносон, ҷомеашиносон ва ҳуқуқшиносон мавриди баррасӣқарор дода шудааст.

Ҳомидова Н.Ш. котиб-коргузори

кафедраи умумидонишгоҳии забонҳои хориҷӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ