​КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛӢ: «ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ПОЯГУЗОРИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН»

Дар толори раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таҳти унвони «Пешвои миллат – поягузори Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид.

Конференсияро муовини ректори донишгоҳ оид ба илм ва инноватсия, номзади илмҳои геологӣ Ятимзода Содиқ Бақо ифтитоҳ бахшида, аҳаммияти таърихии Ваҳдати миллиро ҳамчун дастоварди бузурги давлатдории навини тоҷикон таъкид намуд. Зикр гардид, ки дар арафаи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи таҳкими сулҳу субот, ҳамдигарфаҳмӣ ва ваҳдати миллӣ аҳаммияти хосса касб менамояд.

Таъкид шуд, ки маҳз бо талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ваҳдати миллӣ ба ғояи наҷотбахши миллат ва омили асосии муттаҳидсозии ҷомеа табдил ёфта, барои бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ заминаи устувор фароҳам овард.

Дар идомаи конференсия намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Тоҷибой Султонӣ суханронӣ намуда, иштирокдоронро ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик гуфт.

Дар идома аз ҷониби профессори кафедраи таърихи халқи тоҷик Набизода Ваҳҳоб дар мавзуи «Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон – қутбномаи сулҳу ваҳдати тоҷикон», дотсенти кафедраи ҳуқуқшиносӣ Мухторзода Киромиддин оид ба «Заминаҳои сиёсиву ҳуқуқии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон», мудири кафедраи археология, этнография ва диншиносӣ дотсент Абдукаримов Ҷамолиддин дар мавзуи «Аҳаммияти таърихии Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» маърӯзаҳо шунида шуд.

Конференсияи илмӣ-амалӣ бо мубодилаи афкор оид ба нақши Пешвои миллат дар таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ ва рушди давлатдории тоҷикон анҷом пазируфт.

Маркази иттилоот

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ