​КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛӢ: КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН – ҚУТБНАМОИ ҶОМЕАИ МУТАМАДДИН

Ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Раёсати Донишгоҳ конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – қутбнамои ҷомеаи мутамаддин» баргузор гардид.

Нахуст ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» Набизода Мирзотоҳир Сайфиддин конференсияро ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Конститутсия табрик гуфт. Таъкид гардид, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди ташаккулу такомули давлатсозии миллии тоҷикон ва мустаҳкам намудани пояҳои сиёсию ҳуқуқӣ аз худ нақши таърихӣ ва сарнавиштсоз гузошт. Гуфта шуд, ки фарзанди фарзонаи миллат, абармарди дунёи сиёсат ва хирад, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саргаҳи ин ҷараёни таърихӣ, яъне соҳиби «шиносномаи миллӣ» гардидани миллат ва бо ҳамин васила таҳким бахшидани пояҳои истиқлоли миллӣ ва ваҳдату ягонагии Тоҷикистони азизи мо қарор доранд.

Баъдан сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Рустамзода Сӯҳроб ба таваҷҷуҳи ҳозирин паёми табрикии Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзодаро ба муносибати Рӯзи Конститутсия расонида, қабул ва амалисозии онро дар роҳи таҳкими ормонҳои демократии халқ ва фароҳам овардани заминаи ҳуқуқӣ барои рушди кишвар иқдоми муҳим арзёбӣ кард.

Дар идома номзади илмҳои таърих, дотсент, мудири кафедраи ҳуқуқшиносӣ Иброҳим Ҷабборзода дар мавзуи «Аз таърихи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаккулёбии меъёрҳои он», номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсенти кафедраи ҳуқуқшиносӣ Киромиддин Мухторзода дар мавзуи «Конститутсия – таҳкимбахши эътимод ва ризоияти миллӣ» ва муаллими кафедраи ҳуқуқшиносӣ Фарҳод Раҷабов дар мавзуи «Кафолати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳо тибқи муқаррароти Конститутсия» бо маърузаҳои илмӣ баромад намуданд.

Конференсия бо муҳокима ва мубодилаи афкори илмӣ анҷом пазируфт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ