Конференсияи илмӣ-амалӣ: “Бунёдгузори минтақаи таҷрибавии донишгоҳ”

Дар толори раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Бунёдгузори минтақаи таҷрибавии донишгоҳ» баргузор гардид. Ин ташаббус ба ифтихори 100-солагии кишоварзи шинохта ва собиқ мудири минтақаи таҷрибавии донишгоҳ Норматов Рауфҷон ташкил шуд.
Дар чорабинӣ ҳайати устодону омӯзгорони донишгоҳ, магистрантон, докторантон ва хешу пайвандони соҳибҷашн ҳузур доштанд.
Ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом конференсияро ифтитоҳ бахшида, таъкид дошт, ки сиёсати маорифпарварона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти илму маориф ба як марҳилаи навин ворид гардида, мукотиби олии касбии мамлакат ҳамчун як махзани илму маориф барои тайёр кардани кадрҳои баландихтисос дар соҳаи растанишиносӣ, билогия ва дигар самтҳои муҳимтарини хоҷагии халқ нақши арзанда гузошта истодаанд. Дар Паёми имсолаашон Пешвои муаззами миллат доир ба масъалаи мазкур мулоҳизаронӣ намуда, мутахассисони соҳаровазифадор кардаанд, ки: «Љиҳати самаранок истифода бурдани ҳар як ваљаб замин, беҳтар гардонидани вазъи соҳаҳои ниҳолпарварӣ ва таъмин намудани рушди инноватсионии соҳа бояд чораҳои саривақтӣ амалӣ карда шаванд».
Гуфта шуд, ки ин дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат имконият медиҳанд, ки сари вақт барои баланд бардоштани дониши муҳасилини донишгоҳ, аз ҷумла донишҷӯёни факултетҳои биология ва химия, геоэкология ва туризм тадбирҳои амалиро роҳандозӣ карда, дар ин замина барои фароҳам овардани шароити мусоид кӯшишҳои назаррас фароҳам оварда шаванд.
Профессор Аюб Усмонзода дар идомаи суханронӣ доир ба ҳаёт ва фаъолияти бунёдгузори минтақаи таҷрибавии Донишгоҳ НорматовРауфљон ибрози назар намуд: “НорматовРауфљон ҳамчун шахси кордон ва меҳнатдӯст дар ободии ин макони афзалиятноки таълимӣ саҳми беназир гузошта, бо кӯшишҳои шабонарӯзии эшон имрӯз таҷрибаи омӯзгории донишҷӯёни факултетҳои биология ва химия, геоэкология ва туризм дар сатҳи баланди ташкилӣ дар ин макони хурруму зебо баргузор карда мешавад. Норматов Рауфљон расо 37 сол аз соли 1960 то соли 1997 дар вазифаи мудири қитъаи таљрибавии донишгоҳ дар мавзеи совхози «Палос» фаъолият бурда, ба сифати шахси бунёдкор дар ин ҷо саҳми назаррас гузоштааст. Ў дар давоми фаъолияти наздик ба чилсолаи худ барои афзудани дарахтони мевадиҳанда, сояафкан, бунёди боѓҳои хурраму сарсабзхидмат намуда, зимнан дар ҳудуди беш аз 24 гектар замин базаи илмӣ – таљрибавӣ ва таљрибаомўзии таълимӣ-саҳроии соҳаҳои ботаника, асосҳои хољагии қишлоқ, зоология ва метеорологияро таъсис додааст.
“Мо имрӯз шод аз он ҳастем, ки дар идомаи хидматҳои беназири Норматов Рауфљон соли 2022 бо раҳнамоии собиқадорон ва устодони соҳибтаҷриба навъҳои гуногуни дарахтони мевадиҳандаро ба монанди ангур навъҳои аватар, президентӣ, пабеда, ҳусайнии сурху кабуд ва зардолуву гелос шинонида, онро парвариш кардем. Ва давоми соли ҷорӣ низ бо мақсади ташкили боғи интенсивӣ Ёддошти тафоҳум бо созмони байналмилалии Ҳелветас Интеркооператсион ба имзо расонидем. Тибқи тафоҳумномаи имзошуда боғи интенсивии дарахтони қадпастизардолу, гелос, себ ва нок бо истифодаи технологияи сарфаи об, яънеобёрии қатрагии автоматӣ, насби дастгоҳҳои энергияи барқароршаванда, яъне панелҳои офтобӣ бунёд хоҳад ёфт”- афзуд ректори донишгоҳ.
Дар идомаи конференсия профессори факултети геоэкология ва туризм Абдураҳимов Садриддин, дотсенти факултети биология ва химия Турақулов Исоқул, дотсенти факултети биология ва химияҲомидов Ёқубчон ба сухан баромада, аз меҳнатдӯстӣ ва хидматҳои Норматов Рауфҷон таъкид намуданд.
Бо шунидани хотираҳои дӯстону пайвандон конференсия анҷом пазируфт.
Маркази иттилоот ва таҳлил