КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛӢ: ҲАМНАВОИ ДИЛ
Бахшида ба 85-солагии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, профессор Ҷӯрабек Набиев дар толори маҷлисгоҳи факултети санъати Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Ҳамнавои дил» бо иштироки адибон, олимону муҳаққиқон, ҳунармандон ва устодону донишҷӯён баргузор гардид.

Сардори Раёсати фарҳанги вилояти Суғд Бахтиёр Қосимов сухани табрикии Раиси вилояти Суғд, муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаб Аҳмадзода ва муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Муяссара Қаҳҳорӣ табрикоти Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзодаро ба самъи ҳозирин расониданд.

Дар идома, муовини ректор оид ба тарбия Бахтиёр Маҳмудзода таманниёти ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» Набизода Мирзотоҳир Сайфиддинро ба аҳли толор расонид. Зикр гардид, ки номи Ҷӯрабек Набиев ҳамчун овозхони соҳибмактаб, мутриби хушсалиқа, сарояндаи барҷастаи мусиқии классикӣ дар саҳифаҳои таърихи фарҳанги миллии тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт гардида, ӯ бо овози ширадор, маҳорати волои иҷро ва сабки хоси сарояндагӣ дар иҷрои сурудҳои классикӣ, мақомҳои суннатӣ ва дигар намунаҳои нодири мусиқии суннатӣ мақоми шоиста пайдо намудааст. Сурудҳои офаридаи устод Ҷӯрабек Набиев тараннумгари арзишҳои волои миллӣ - муҳаббат ба Ватан, эҳтиром ба Модар, садоқат ба диёр ва инсонгароӣ мебошанд.
Баъдан декани факултети санъат, дотсент Гулчеҳра Шарифӣ, раиси бахши суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод ва устоди Донишгоҳ Султоналӣ Худойбердиев доир ба фаъолияти эҷодӣ, тарбия ва омӯзиши шогирдони бомаҳорат, пешбурди мактаби устоду шогирд, эҷоди мусиқӣ ва фаъолияти оҳангсозӣ, мақоми устод Ҷӯрабек Набиев дар тарғиб ва рушди санъати миллии тоҷик ибрози андеша намуданд.
Дар охир ҳунармандон сурудҳоеро аз феҳристи суруду оҳангҳои Ҷӯрабек Набиев пешниҳоди ҳозирин гардониданд.
Маркази иттилоот ва таҳлил