​ИСТИҚБОЛИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУНИ ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ»

Субҳи имрӯз аз ҷониби ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» Набизода Мирзотоҳир Сайфиддин дар даромадгоҳи асосии Раёсати Донишгоҳ дар фазои тантанавӣ бо иштироки устодону донишҷӯён пешвози ғолибони озмуни даври ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор гардид.

Ректори Донишгоҳ бо изҳори сипосмандиву қаноатмандӣ аз таваҷҷуҳу ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ҷавонон ва рушди соҳаи илму маорифи кишвар ғолибони озмун ва роҳбарони илмии онҳоро бо шарафёб гаштан ба ин дастоварди баланди илмӣ табрик гуфт. Гуфта шуд, ки аз 19 нафар донишҷӯ-иштирокчии даври ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» 2 нафар муҳассилини факултети математикаи Донишгоҳ Иномҷонзода Ҳотамбек ва Расулова Фурӯзон ба гирифтани ҷойҳои 3-юм мушарраф гаштанд, ки аз муваффақиятҳои навбатии устодону донишҷӯёни Донишгоҳ ба ҳисоб меравад.

Иттилоъ дода шуд, ки донишҷӯёни ғолибгардида бори нахуст дар ин озмуни сатҳи ҷумҳуриявӣ таҳти роҳбарии профессор Тухлиев Қамариддин ва муаллими калони факултети математика Миршоев Абдушафӣ иштирок намуда, дар натиҷа, бо Диплом, Ҷом ва 30 ҳазор сомонӣ қадр гардиданд.

PS: Раёсати Донишгоҳ дастоварди навбатиро ба ғолибони озмун табрик гуфта, ба таҳсил ва фаъолияти минбаъдаи онҳо барору комёбӣ таманно менамояд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ