ХУШХАБАР: ҲИМОЯИ РИСОЛАИ ДОКТОРӢ ДАР САМТИ ИҚТИСОДИЁТИ РАҚАМӢ
Санаи 25-уми декабри соли 2025 дар Шурои диссертатсионии назди Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҳимояи рисолаи доктории номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи технологияҳои рақамӣ-коммуникатсионии факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотии Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» Сайдуллоев Умедҷон баргузор гардид.
Рисолаи илмии номбурда дар мавзуи «Совершенствование организационно-экономического механизма оказания услуг цифрового телевидения в условиях рыночной экономики: теория, методология, практика (на материалах Республики Таджикистан)» барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои иқтисодӣ аз рӯйи ихтисоси 5.2.3 – иқтисодиёти минтақавӣ ва ҳудудӣ таҳия шуда, таҳти роҳбарии мушовирони илмӣ, докторони илмҳои иқтисодӣ, профессорон Хусаинов Маннон ва Раҷабов Раҷаб ҳимоя карда шуд.
Дар ҷараёни ҳимоя масъалаҳои назариявию методологӣ, натиҷаҳои илмӣ ва пешниҳодҳои амалии таҳқиқот мавриди баррасии ҳамаҷонибаи аъзои Шурои диссертатсионӣ қарор гирифта, рисола бо якдилӣ сазовори баҳои баланд дониста шуд.
Ҷомеаи меҳнатии Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» Сайдуллоев Умедҷонро ба муносибати ҳимояи муваффақонаи рисолаи докторӣ самимона табрик намуда, ба ӯ саломатии комил, муваффақиятҳои нави илмӣ, дастовардҳои назаррас дар фаъолияти таълимӣ ва саҳми арзанда дар рушди илму маорифи кишвар орзу менамояд.
Маркази иттилоот ва таҳлил