​Изҳорот: Шукри Ватани маҳбуб

Тоҷикистон кишвари бузургест, ки саропо меҳрофарину дилнишин, бузургмардуму дилфиреб аст. Меҳри бузурги ин сарзамин ҳар як инсони асилро дар дилу дар ҷон аст. Тоҷикистон макони бузургону сарзамини фарҳангдӯстон аст.

Тоҷикистони бузург имрӯз дарахти пурсамареро мемонад, ки шохаҳои пурқуввату бузургаш сояафкани ҳаргулу гиёҳи арзандаи ӯст ва меваҳои рангину лазизаш, мардуми бонангу номус ва бодонишу баори он машҳури дунё гаштаанд. Дар байни дигар давлатҳо имрӯз Тоҷикистон бо боигариҳои зиёду пурарзишаш, аз қабили пахта, гандум, об, ангишт, тилло, нуқра ва амсоли ин шӯҳратёр аст.

Таъкид бояд кард, ки саъю талоши Ҳукумати мамлакат ҷиҳати вусъат додани корҳои ободонии диёр қобили ситоиш аст. Рӯз аз рӯз беҳтар гардидани вазъи моддии мардум аз ояндаи нек мужда мерасонад. Қарору фармонҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ, Маҷлиси Олӣ барои назми ҳаёту фаъолияти сокинони кишвар равона карда шудааст. Хушбахтона дар Конститутсия, ки рамзан шиносномаи миллат ном гирифтааст ,бароизиндагии осоиштаи мардум заминаи мусоид фароҳам омадааст.

Наврасону ҷавонони Тоҷикистон имконият пайдо намуданд, ки таҳсили худро дар давлатҳои абадқудрат давом дода, ба халқу диёри худ содиқона хизмат намоянд. Дар ҷумҳурӣ гимназияву литсейҳои давлативу хусусӣ кушода шуда, дар онҳо ҳазорҳо нафар хонандагон таҳсил карда истодаанд. Ин ҳама ободиву ин ҳама муваффақиятҳо дилро ба ваҷд меоварад ва беихтиёр мегӯем:

- Шукри Ватани маҳбуб, шукри сулҳу ваҳдат, шукри диёри ободу осоишта, шукри осмони софу беғубор. Шукр, ки Тоҷикистони азизамон сол то сол рушд меёбаду шӯҳратёр мегардад.

Устодони кафедраи “Баҳисобгирии муҳосибӣва аудит”- и факултети Молия ва иқтисодиёти бозор, ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ