​ХАТАРҲОИ ТЕРРОРИЗМ, ЭКСТРЕМИЗМ ВА РАДИКАЛИЗМ БА АМНИЯТ ВА СУБОТИ ҶОМЕА

Яке аз зуҳуроти номатлуби ҷомеа дар замони имрӯза терроризм ва ифротгароӣ ба шумор меравад, зеро он боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш – таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, бенизомӣ, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он мебошад.

Терроризм аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ: «Ин содир намудани амалҳое мебошанд, ки ба одамон хатари марг ба миён меоварад, истифодаи он мақсади ҷисмонӣ, бартараф кардани рақибони сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад».

Экстремизм – (аз калимаи франсузии «ехtrеmismе» ва лотинии «eхtrеmus») гирифта шуда, маънои аслиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, аз ҳад гузаштан, аз андоза гузаштан аст.

Экстремизм (ифротгароӣ) ва шакли ниҳоии он – терроризм (даҳшатафканӣ) ҳам барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳам барои ҷомеаи мо хатари ҷиддии воқеӣ доранд. Дар таърихи тамаддуни инсонӣ охири асри ХХ-ум ва ибтидои асри XXI шояд давраи пурғамтарин аз нуқтаи назари қисмати одамон, халқҳо, миллатҳо, системаҳои иҷтимоӣ ва тамаддун бошад. Чунки вазъи кунунии ҷаҳони муосир ва паҳншавии босуръати зуҳуротҳои басо мураккаб ва барои ҷомеаи башарӣ даҳшатовари ифротгароии динию мазҳабӣ, экстремизм ва терроризми сиёсию миллатгароёна тамоми давлатҳои ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст.

Терроризм аз забони лотинӣ (terror – даҳшат, ҳарос) гирифта шуда, ба маънои муосираш дар охирҳои асри XVIII ҳангоми Инқилоби Бузурги Фаронса истифода шудааст. Терроризм як навъ сиёсат, идеология ё амали иборат аз таҳдид, фишороварӣ, зурӣ нисбати шахсони алоҳида, гурӯҳи одамон, ҷомеа, ҳокимият, институтҳои ҳокимиятӣ, давлат ва низоми идоракунии он буда, баҳри расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иделогӣ, геополитикӣ ва имкониятҳои гуногуни таҳрезишуда равона гардидааст. Терроризм аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ: «Ин содир намудани амалҳое мебошанд, ки ба одамон хатари марг ба миён меоварад, истифодаи он мақсади ҷисмонӣ, бартараф кардани рақибони сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад». Терроризм ин куштор, аҳли ҷомеар ба эҳсоси доимии тарсу ҳарос гузоштан барин падидаҳо бошад, экстремизм ин даъват ба нооромӣ, даъват ба ғасби ҳокимият аст.

Террористон мехоҳанд мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Амалҳои террористӣ – бевосита содир намудани ҷинояти дорои хислати террористидошта дар шакли таркиш, пахши одамон тавассути мошинҳо, истифодаи моддаҳои радиоактививу химиявӣ, содир намудани дигар амалҳое, ки боиси хавфи ҳалокати одамон аст, равона карда шудааст. Мақсади асосии террористон ба таври зӯровари ғасб намудани давлат ва аз нигоҳи талаботҳои шариат ҳукмрони намудан аст.

Зӯроварӣ, зулм, фишороварӣ, таҳқир ва паст задани шаъну шарафи инсон, хусусан гурӯҳҳои дигари этникӣ аз ҷониби ҷомеа ва давлат мумкин аст, эътирозро ба вуҷуд оварад, ки он мумкин аст ба ифротгароӣ сабзида расад ба вазъияте, ки имрӯз дар ҷаҳон ба амал омадааст.

Ба қадри неъмате чун истиқлолияту давлатдории миллӣ расидан арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк намудан ва ҳифз намудани онҳо ин ҳам қарз, ҳам масъулият ва шарафу номуси ватандорӣ, ифтихор аз давлату миллати хеш ва талошу заҳмати ҳар фарди ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волои миллӣ мебошад.

Ба мо ҳамагон лозим аст, кӯшиш ба харҷ диҳем, то ки фарҳанги динию миллиамонро боло бардорем. Ба ҷомеа билхусус ҷавононамон фаҳмонда тавониста бошем, ки бо тақлидҳои кўр-кўрона дунболи гурӯҳҳои ифротӣ нараванд.

Бо боварӣ метавон гуфт, ки танҳо ҷавонони боғайрат, сулҳпарвар ва матинирода метавонанд пеши роҳи ифротгароӣ ва терроризмро гирифта, барои пойдории сулҳу амнияти ватани ҷоноҷонамон саҳми босазо гузоранд.

Раҷабзода Саодат Ҷамол,

дотсент, мудири кафедраи методикаи таълими математика ва

технологияи иттилоотии Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи

давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ