Ғолибони озмуни “Магистранти сол-2024”
Дар Рӯзи илми тоҷик магистрантони беҳтарини сол низ қадрдонӣ шуданд. Аз ҷумла, аз рӯи бахши илмҳои дақиқ ҷойи якум ба магистранти курси 2-юми ихтисоси математикаи амали факултети математика Эшонқулов Рустамҷон, ҷойи дуюм ба Маҳмудова Азизахон –магистранти курси 2-юми ихтисоси физикаи факултети физикаю техника ва ҷойи сеюм ба Бурҳонзода Сомон –магистранти курси 2-юми ихтисоси информатикаи факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ насиб гардид.
Дар бахши илмҳои гуманитарӣ се зинаи ифтихориро магистрантон - Когай Карина, Бобоҷонова Мафтунахон ва Шарипова Шукрона сазовор гардиданд.
Ба ғолибон диплом ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми аз 300 то 700 сомонӣ супорида шуд.
Маркази иттилоот ва таҳлил