​ФУРӮҒИ ИЛМ ДАР ҚАЛБИ ҶАВОНОН: ПИРӮЗИИ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» донишҷӯёни МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” бо нишон додани донишу малакаи баланд ба гирифтани 3 ҷои намоён ва 2 мақоми ифтихорӣ сазовор гардиданд.


Фатҳуллоев Шӯҳратулло-донишҷӯи курси панҷуми ихтисоси биология-химияи факултети биология ва химия аз рӯи номинатсияи биология сазовори ҷои дуюм, Солиева Мадина- донишҷӯи курси якуми ихтисоси биологияи факултети биология-химия аз рӯи номинатсияи биология сазовори ҷои сеюм ва Кенҷаев Шарифҷон-донишҷӯи курси сеюми ихтисоси география-биология аз рӯи номинатсияи география ҷои сеюмро ишғол намуданд.

Инчунин, Махкамов Муҳаммадмустафо-донишҷӯи соли чоруми ихтисоси таъминоти барномавии технологияи иттилоотӣ аз рӯи номинатсияи зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ ва Ҳасанбоева Меҳринисо- донишҷӯи курси сеюми ихтисоси математикаи амалӣ аз рӯи номинатсияи математика ҷои ифтихориро ба даст оварданд.

Ин дастовардҳои арзанда бори дигар шаҳодат медиҳад, ки дар МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” ба рушди илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиатшиносӣ, инчунин дастгирии ҷавонони соҳибистеъдод таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда мешавад.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ