Фаъолон ва ғолибони озмунҳои Ҳафтаи илм қадр шуданд

Дар толори факултети санъати тасвирӣ ва дизайн Ҳафтаи илм ҷамъбаст гардид. Ба ин муносибат дар толори факултет чорабинӣ доир шуд, ки дар доираи он фаъолон ва ғолибон қадр шуданд.
Муовини декан оид ба илм ва инноватсия дотсент Дадобоева Мавлуда зимни суханронӣ аз дастовардҳои устодону донишҷӯён дар самти илм таъкид намуда, оид ба нақшаи чорабиниҳо, ки давоми ҳафтаи илм дар факултет баргузор гардиданд, маълумот дод.
Ҳамзамон, аз ҷониби аъзои маҳфили “Одоби ҳамида” барномаи фарҳангӣ манзур гардид.
Дар фарҷом ба фаъолон ва ғолибон ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.
Маркази иттилоот ва таҳлил