Факултети физикаю техника: Оғози “Ҳафтаи илм"

Дар факултети физикаю техника “Ҳафтаи илм” оғоз гардид. Ин ташаббус бо намоиши китобҳои дарсӣ, монография, дастурҳои таълимӣ ва дастовардҳо дар толори факултет ифтитоҳ ёфт.
Ҳамзамон, муаррифии маводи нашршудаи чор кафедраҳои факултети физикаю техника сурат гирифт, ки дар он декани факултет дотсент Абдумалик Қаюмзода, муовини декан оид ба илм ва инноватсия Таҳмина Ашӯрова, мудирони кафедраҳо ва ҳайати устодон иштирок намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар факултети физикаю техника соли 2024 чор китоби дарсии устодон бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон профессор Саидов Ҳайдар таҳти унвони “Физикаи статистикӣ ва термодинамика”, дотсент Насимҷон Умаров бо номи “Электродинамика,, дотсент Шерматов Шавкат таҳти унвони “Практикуми ҳалли масъалаҳои физикӣ” қисмҳои 1 ва 2 нашр шуданд.
Гуфта шуд, ки ҳамзамон китоби як қатор устодони дигар, аз ҷумла Абдумалик Қаюмзода, Сӯҳробҷон Отаҷонов,Зарифҷон Юсупов, Пайравҷон Иброҳимов, Ҳалимҷон Ғафурзода, Муҳаммади Раҳматзода, Комронҷон Исмоилов, Гулмира Азимова, Шафоат Луғмонова, Таҳмина Исоевабо қарори таъбу нашри донишгоҳ нашр ва дастраси донишҷӯёну магистрантон ва устодон гардидааст.
Ҳафтаи илм дар факултети физикаю техника идома дорад.
Маркази иттилоот ва таҳлил