​“Докторанти сол – 2024” муайян ва қадршиносӣ шуданд

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров баргузории озмуни “Докторанти сол” ба ҳукми анъана даромадааст, ки ҳадаф аз он дастгирии ҷавонон дар самти илм ва таъмини шароити мусоид ҷиҳати таҳкими фаъолияти илмӣ унвон мешавад.

Имсол низ озмуни мазкур доир гардида, беҳтаринҳо дар бахши илмҳои дақиқ ва гуманитарӣ “Докторанти сол – 2024” эълон шуданд.

Аз ҷумла, дар бахши илмҳои дақиқ се ҷойи аввалро докторантони донишгоҳ Авезов Шаҳриёр - докторанти соли дуюми ихтисоси химия, НурматзодаДавлат - докторанти соли дуюми ихтисоси физика, Муҳиддинов Фазлиддин - докторанти соли дуюми ихтисоси иқтисодиёт сазовор шуданд.

Мақоми ифтихориро дар бахши илмҳои гуманитарӣ бошад, Раззоқова Тозагул - докторанти соли сеюми ихтисоси педагогика ва психология, Зафарова Заррина - докторанти солисеюмиихтисоси забоншиносӣ, Тӯхтаева Маҳноза - докторанти солисеюми ихтисоси рӯзноманигорӣ ва Қурбонзода Моҳрӯ -докторанти соли сеюми ихтисоси филология соҳиб шуданд.

Ба ғолибони озмуни “Докторанти сол – 2024” диплом ва мукофоти пулӣ дар ҳаҷми то 1200 сомонӣ супорида шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ