ДДХ: Кафедраҳои беҳтарини соли 2024 муайян шуданд
Ғолибони озмуни умумидонишгоҳии “Кафедраи беҳтарини соли 2024” дар самти илм ва инноватсия бо нишони фахрӣ қадршиносӣ шуданд.
Дар бахши илмҳои гуманитарӣ ва ҷомеашиносӣ ҷойи сеюмро кафедраи педагогикаи иҷтимоӣ ва касбии факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус ва кафедраи таърихи халқи тоҷики факултети таърих ва ҳуқуқ, ҷойи дуюмро кафедраи адабиёти рус ва хориҷаи факултети филологияи рус ва ҷойи аввалро кафедраи адабиёти классикии тоҷики факултети филологияи тоҷик соҳиб гардида, бо “Нишони фахрӣ” сарфароз гардонида шуданд.
Дар бахши илмҳои дақиқ–кафедраи географияи табииифакултети геоэкология ва туризм ҷойи сеюм, кафедраи зоология ва физиологияи одаму ҳайвони факултети биология ва химия ҷойи дуюм ва кафедраи методикаи таълими математикафи факултети математика ҷойи аввалро насиб шуданд.
Дар бахши беҳтарин кафедраи умумидонишгоҳӣ кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ ғолиб дониста шуда, бо “Нишони фахрӣ” қадр гардид.
Маркази иттилоот ва таҳлил