Истеҳсоли 8443 кг ҳосили мева

Давоми соли ҷорӣ 8443 кг анвои гуногуни мева, ки аз минтақаи таълимӣ-таҷрибавии “Палос”-и МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” ба даст оварда шуд, ба устодону кормандони донишгоҳ ройгон тақсим гардид.

Дар ин бора ба Маркази иттилоот ва таҳлили донишгоҳ директори минтақа Дӯстматов Музаффар иттилоъ дод.

Гуфта шуд, ки дар минтақаи таълимӣ-таҷрибавии “Палос” 2700 бех ангур, 200 бех зардолу, 100 бех олу, 30 бех себ, 30 бех анҷир, 60 бех шафтолу, 200 бех биҳӣ, 500 бех анор, 100 бех бодом, 20 бех гелос, 5 бех чӯмоқ, 40 бех хурмо ва 500 бех корлик парвариш мешавад.

Мавриди зикр аст, ки минтақаи таълимӣ-таҷрибавии “Палос” бо масоҳати 24,9 гектар дар ҷамоати Дадобой Холматови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷойгир буда, шумораи дарахтони мевадиҳанда 15 намудро ташкил медиҳад.

Дар минтақаи мазкур дарахтони ба шароиту иқлим мувофиқ шинонида шуда, ҷиҳати зиёд намудани ҳосили дарахтони мевадиҳанда дар асоси дастуру супоришоти роҳбарияти донишгоҳ тадбирҳои судманд роҳандозӣ мешавад.

Бино ба иттилои директори минтақа дар ин ҷо дар баробари дарахтони мевадиҳанда 100 адад дарахтони сояафкан низ парвариш мешаванд.

Дар минтақа ҳар як гектар замин самаранок марвиди истифода қарор дода шуда, бо истифода аз тамоми имконият ва боду ҳавои мусоид ҳосилнокӣ тақвият дорад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ