ДАЪВАТ БА ОЗМУН: «ТАҚВИЯТИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ»
Раёсати Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» ба муносибати эълон гардидани соли 2026 ҳамчун “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” озмуни донишгоҳии «Тақвияти худшиносиву худогоҳии миллӣ»-ро байни устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳ эълон менамояд.
Ҳадафи озмунҳо тақвияти худшиносиву худогоҳии миллӣ, баланд бардоштани маърифати таърихию фарҳангӣ, рушди тафаккури миллӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ мебошад.
Иштирокчиён метавонанд корҳои илмӣ, таҳлилӣ ва эҷодии худро дар самтҳои муайяншуда пешниҳод намоянд. Барои донишҷӯён озмун дар самтҳои илмӣ-таҳлилӣ, суханронӣ ва эҷодӣ, барои устодон дар самтҳои илмӣ ва адабӣ-эҷодӣ роҳандозӣ мегардад.
МИЗИ МУДАВВАР: «ИЛМҲОИ ДАҚИҚ ВА ТАБИАТШИНОСӢ – ЗАМИНАИ РУШДИ УСТУВОР»
БАРГУЗОРИИ АТТЕСТАТСИЯИ НАВБАТИИ МАГИСТРАНТОНИ СОЛИ ДУВУМ ДАР ДОНИШГОҲ
НИШАСТИ 234-УМИ МАҲФИЛИ ИЛМӢ-АДАБИИ «ГАНҶИ СУХАН»
ВОХӮРӢ: БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ҶАВОНОН ВА ПЕШГИРИИ ПАДИДАҲОИ НОМАТЛУБ
ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ САДА ДАР ФАКУЛТЕТҲОИ ДОНИШГОҲ
САДА – ПАЁМИ НУР АЗ НИЁГОН