ДАСТУРИ МУФИД БАРОИ ФАЪОЛИЯТИ БОСАМАР

Суханронии Пешвои миллат ба муносибати Рӯзи дониш ва оғози соли нави таҳсил аҳаммияти хос дорад. Дар он вазъи соҳаи маориф дар солҳои соҳибистиқлолӣ таҳлил гардида, дар баробари дастовардҳо масъалаҳои муҳимме ба миён гузошта шуданд, ки ба сифати таълим, омодасозии кадрҳо, тарбияи ҷавонон ва мутобиқ намудани низоми маориф ба талаботи замони муосир вобаста мебошанд.

Барои мо, омӯзгорон, муҳим аст, ки аз ин суханронӣ хулосаи муҳим бароварда, онро дар фаъолият сармашқи кори хеш намоем.

Пеш аз ҳама, бояд гуфт, ки дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ соҳаи маориф тағйироти ҷиддиро аз сар гузаронида, ба рушди назаррас расид. Бунёди муассисаҳои нави таълимӣ, фароҳам шудани шароити васеи моддиву техникӣ дар муассисаҳо бозгӯи таваҷҷуҳи Пешвои миллат ба соҳа аст.

Тавре Сарвари давлат қайд карданд, дар ин давра дар кишвар 4135 бинои муассисаи таълимӣ бо 1 миллиону 800 ҳазор ҷойи нишаст ба маблағи 8,4 миллиард сомонӣ сохта, ба истифода дода шудааст. Ба соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 70 миллиард сомонӣ ва аз ҳисоби лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ 10 миллиард сомонӣ маблағ равона гардидааст.

Ин рақамҳо бозгӯи онанд, ки давлат барои рушди соҳа имкониятҳои ҷиддӣ фароҳам овардааст ва бояд онҳо самаранок истифода шаванд.

Акнун фурсати он расидааст, ки ба натиҷаи таҳсил эътибори ҷиддӣ диҳем. Ба ин масъала Пешвои миллат низ ишора карданд.

Ин ҷоомӯзгор метавонад мавқеи марказӣ дошта бошад. Зеро таълими босифатро бе омӯзгори босалоҳият таъмин кардан ғайриимкон аст. Омӯзгор бояд дониши фаннӣ, маҳорати педагогӣ ва қобилияти кор бо насли имрӯзро дошта бошад. Дар баробари рушди босуръати технологӣ имрӯз талаботи ҷомеа ба омӯзгор низ тағйир ёфтааст. Аз ин рӯ, масъалаи такмили ихтисоси омӯзгорон, ки дар суханронӣ низ таъкид гардид, бояд ба қисми муҳимми фаъолияти омӯзгор шомил шавад.

Дар суханронии Сарвари давлат оид ба истифодаи таҷрибаи байналмилалӣ дар системаи маорифи кишвар ишораи муҳим буд. Воқеан, бо шароити худ мутобиқ намуда, амалӣ кардани таҷрибаҳои пешқадам ба манфиати кор аст.

Яке аз масъалаҳои муҳимми суханронӣ рушди технологияҳои рақамӣ ва муносибат ба шабакаҳои иҷтимоӣ буд. Ин масъала имрӯз аз доираи соҳаи маориф берун рафта, ба масъалаи иҷтимоӣ табдил ёфтааст. Телефони мобилӣ ва интернет барои омӯзиш имкониятҳои зиёд доранд, аммо истифодаи беназорати онҳо метавонад ба таҳсил таъсири манфӣ расонад.

Ба назари ман, муносибати мо ба ин масъала бояд бо масъулият сурат гирад. Яке аз вазифаҳои муҳимми калонсолон омӯзонидани тарзи дурусти истифодаи онҳост. Истифодабаранда бояд дарк кунад, ки интернет танҳо барои вақтгузаронӣ нест. Он метавонад воситаи омӯзиш, таҳқиқ, муоширати илмӣ ва рушди касбӣ бошад.

Дар баробари ин, масъалаи фарҳанги иттилоотӣ хеле муҳим аст. Ҷавон бояд тавонад хабарҳои бардурӯғро аз маълумоти боэътимод фарқ кунад, ба ҳар маводи интернетӣ бовар накунад ва пеш аз паҳн кардани маълумот манбаи онро санҷад. Дар шароити рушди босуръати шабакаҳои иҷтимоӣ чунин малака барои ҳар як ҷавон зарур мебошад.

Дар мавриди зеҳни сунъӣ низ аз маърифат бояд кор гирифт. Имрӯз донишҷӯ метавонад аз воситаҳои зеҳни сунъӣ барои гирифтани маълумот, таҳияи матн ё коркарди мавод истифода барад. Аммо дар баробари ин донишҷӯ бояд андеша ва кори худро низ дошта бошад. Агар технология ҷойи фикррониро гирад, дар таълим натиҷа ба даст намеояд.

Интихоби касб низ яке аз масъалаҳои муҳимми суханронӣ буд. Масъалае, ки бештар маврид донишҷӯён ба иштибоҳ роҳ медиҳанд. Баъзеҳо баъди як ё ду соли таҳсил дарк мекунанд, ки ихтисоси интихобкардаашон ба қобилият ва шавқи онҳо мувофиқ нест. Дар интихоби касб бо санҷидани малакаву маҳорати шогирд устод нақши муҳим дорад. Аз ин рӯ, роҳнамоии касбӣ бояд аз мактаб ҷиддӣ ба роҳ монда шавад. Хонанда бояд дар бораи касбҳои гуногун, талаботи бозори меҳнат ва имкониятҳои рушди касбӣ маълумот дошта бошад.

Тавре дар суханронӣ таъкид шуд, имрӯз дар кишвар ба мутахассисони соҳаҳои амнияти компютерӣ, технологияҳои иттилоотӣ, зеҳни сунъӣ, барномасозӣ ва дигар самтҳои муосир талабот зиёд аст.

Таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ низ дар ҳамин раванд аҳаммияти бештар пайдо мекунад. Рушди саноат, энергетика, сохтмон, кишоварзӣ, нақлиёт, сайёҳӣ ва дигар соҳаҳои иқтисоди миллӣ ба кадрҳои соҳибкасб ниёз дорад. Дар суханронӣ таъкид гардид, ки шумораи касбу ихтисосҳо дар зинаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ аз 230 ба 730 номгӯй расонида шудааст.

Имрӯз дар кишвар 51 муассисаи таҳсилоти олӣ фаъолият мекунад. Онҳо заминаҳои моддиву техникӣ ва имкониятҳои хуби таҳсилро дороянд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт ба сифати таҳсил тазаккур намуданд.

Дар баробари таълим, масъалаи тарбия низ дар суханронӣ мавқеи муҳим дошт. Дар баробари дониши хуб ахлоқу рафтор ҳам бояд намуна бошад. Раванди ҷаҳонишавӣ бисёр арзишҳои ахлоқиро аз байн мебарад. Ба андешаи Пешвои миллат дар ҳама давру замон ва шароит насли ҷавон бояд арзишҳои ахлоқӣ ва суннатии худро ҳифз намоянд. Ба андешаи инҷониб тарбия кори дастаҷамъӣ аст. Агар падару модар ба таҳсили фарзанд таваҷҷуҳ кунанд, омӯзгор масъулияти касбии худро иҷро кунад ва донишҷӯ ё хонанда мақсади муайяни зиндагӣ дошта бошад, имкони пешгирии ҳамагуна зуҳурот имконпазир аст.

Дар шароити мураккаби ҷаҳони имрӯз масъалаи тарбияи ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ аҳаммияти бештар дорад. Ҷангҳо, низоъҳо ва нооромии сиёсӣ дар баъзе минтақаҳои ҷаҳон нишон медиҳанд, ки сулҳу субот арзиши баланд доранд. Тоҷикистон низ роҳи душвори расидан ба сулҳу ваҳдати миллиро тай кардааст. Аз ин рӯ, ҳифзи сулҳ ва ваҳдат барои ҳар як шаҳрванд вазифаи муҳим ба шумор меравад. Аз суханронӣ ба чунин хулоса расидан мумкин аст, ки ҷавоне, ки таърихи кишвар, фарҳанг ва арзишҳои миллии худро медонад, метавонад ба масъалаҳои ҷомеа бо масъулияти бештар муносибат кунад.

Имрӯз барои аҳли маориф имкониятҳо нисбат ба солҳои пеш хеле зиёд шудаанд. Вазифаи мо ин аст, ки онҳоро дуруст истифода барем. Ба омодасозии мутахассиси воқеӣ диққат дода, масъулияти баланд эҳсос намоем ва ҷавонони Ватандӯст, босавод ва хушахлоқ тарбия намоем. Лозим аст, ки сифати таълим, мазмуни таҳсил, сатҳи касбии омӯзгорон ва натиҷаи омодасозии кадрҳо боз ҳам беҳтар гарданд. Зеро ҷаҳони имрӯза ба мутахассиси дорои донишу малакаи баланди замонавӣ ниёз дорад.

Суханронии Пешвои миллатро метавон ҳамчун дастури муҳим барои фаъолияти минбаъдаи аҳли маориф арзёбӣ кард. Дар он масъалаҳои воқеии соҳа гузошта шудаанд ва барои ҳалли онҳо вазифаҳои мушаххас муайян гардидаанд.

Роҳат Абдуҷабборова,

устоди кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ