Дарси намунавии таҷрибаомӯзон
Донишҷӯёни курси чоруми ихтисоси физика – математикаи факултети физикаю техника дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12-и шаҳри Хуҷанд таҷрибаомӯзии худро гузаронида истодаанд.
Дар доираи ин раванд донишҷӯён дар дарсҳои омӯзгорони собиқадор иштирок намуда, маҳорати педагогии худро таҳким мебахшанд. Ҳамзамон, таҷрибаомӯзон мустақилона дарс гузашта, донишҳои назарии худро дар амал татбиқ намуда истодаанд.
Аз ҷумла, дар доираи ин иқдом дарси кушоди намунавии таҷрибаомӯзон - Партобзода Зикрулло., Обидова Рухсора ва Комилова Ситора дар мавзуъҳои “Қувваи Архимедӣ” ва “Ҳалли масъалаҳо” баргузор гардид.
Дар дарс айёниятҳои гуногун, варақа, воситаҳои техникӣ ва асбобҳои лобараторӣ ба таври васеъ истифода бурда шуд.
Таҷрибаомӯзон бо истифода аз методҳои гуногуни салоҳиятнокӣ - “Блист-пурсиш”, “Пурсиши занҷирӣ”, ва “Чархи ақидаҳо” сифати дарсро таъмин намуд.
Маркази иттилоот ва таҳлил