Борҳо бибусам аз рухсораи поки Ватанам

Ватан сарзамини меҳр аст, ки фароварди орзуву омолҳои неки моро ғалаёни туғён он ҷост ва, албатта, он ҳам, аз ишқи поки инсонӣ маншаъ мегирад ва дар дидгоҳи мо бо ҳар қатра обу хоки муқаддаси Ватан бузургӣ касб мекунад. Муқаддас аз он аст, ки ҳавояш навозишгари рӯҳ асту обу хокаш ангезаи вуҷуд, ки дар фаросӯи ёдҳо арзани вафо мекорад, ба мисле ки асрҳо қабл аз ин устоди шуаро Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ фармуда буд:

Бӯйи ҷӯйи Мулиён ояд ҳаме,

Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме…

Аслан, ҳеҷ як инсон наметавонад худро, ҳатто як лаҳзае бе ёди Ватан тасаввур кунад. Бе тардид, ватандӯстӣ аз худшиносӣ сарчашма мегирад ва шахс танҳо дар натиҷаи омӯхтан метавонад ба камолоти ақлӣ бирасад ва дари худшиносиро барои хеш боз намояд. Нуктае ҳаст аз Ғаззолӣ, ки гуфта: «Ва ҳар чиз, ки бисёр гардад, хор гардад, магар хирад, ки ҳарчанд бештар бошад, Худованди ӯ азизтар бувад. Хирадманд ҳаргиз ғамгин набошад, зеро ҳаргиз коре накунад, ки аз он ғамгин шавад ва ғаме нахӯрад, ки он набояд хӯрдан» ва ин бори дигар собит менамояд, ки танҳо тавассути донишу маърифат инсон метавонад ба қуллаҳои баланди кору зиндагӣ бирасад, яъне:

Хотами мулки Сулаймон аст илм,

Ҷумла олам сурату ҷон аст илм.

Пас, ба андешаи Мавлонои Рум, агар Ватан моро ба ҷои ҷон бошад, аз ин бармеояд, ки бо ҳарорати ҷонсӯзи орзуву ормонҳо мо бояд ҷойгоҳи ӯро бо маърифат мунаввар созем, то зиндагии мо аз он нуру зиё гирад, яъне бо маърифат рӯшан сохтани хонаи Ватан як ҳушдории дигарест дар худшиносии мо, ки ваҳдати ду мақомро дар як ниҳод устувор месозад. Аз ин нигоҳ, зиндагӣ худ бархоста аз ваҳдат аст, ба маъние, ки дар он Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ишора намудааст:

Зиндагонӣ оштии зиддҳост,

Марг он, к-андар миёнаш ҷанг хост.

Инсон дар ҳамгироӣ бо кучактарин ҷузъиёти ҳаётӣ, ки бо бархӯрди ақл тафаҳҳус мешавад, метавонад аз худшиносӣ дарак диҳад, чунки боризтарин сифати инсонӣ, ки мояи ҷудоии ӯ аз тамоми мавҷудот мегардад, қудрати тафаккур ва ҷанбаи андешаварзии ӯст. Воқеан, агар фаъолияти инсон дар зиндагӣ аз як зистан иборат бошад, пас, ӯ гиёҳеро аз табиат мемонад ва агар зиндагии инсон эҳсоси ӯ фаҳмида шавад, пас, ҷонвареро аз табиат мемонад. Пас, зиндагии инсон ба унвони фаъолияти он ҷузъи рӯҳи одамиро мемонад, ки баҳравар аз ақл аст. Нақши ин ҷузъ ҳам итоат аз ақл аст ва молик будани ақлу тафаккур ва анҷом додани амалҳои худ мувофиқи ақл мебошад:

Гӯштпора(й) одамӣ, бо ақлу ҷон,

Мешикофад кӯҳро бо баҳру кон.

Пушти санаҳои сабтшудаи таърих, агар мо ба суроғи ин маъние, ки Ҷалолиддини Балхӣ зиёда аз ҳаштсад сол қабл гуфта буд, биравем, имрӯз бо назари тааҷҷуб ҳақиқати онро метавонем пайдо кунем. Охир, Худованд танҳо ба инсон қудрату тавони андешаи волоро додаву сарриштаи гиреҳкушои ҳама мушкилотро ба ӯ ато фармудааст.

Акнун дар раванди навовариҳои илмӣ ва фаннию техникӣ мо метавонем, ҳама аносири идеяҳои бузургро дар фаъолияти инсон ба мушоҳида гирем. Бунёди сохтмонҳои азими аср, аз қабили нақбҳо, роҳу пулҳои аҳамияти бузурги байналмилалидошта, ки Тоҷикистонро аз бунбасти коммуникатсионӣ мераҳонанд, метавонад рушду инкишофи минбаъдаи иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсию фарҳангии мамлакатамонро таъмин намояд. Бинои як қатор неругоҳҳои барқи обӣ дар кишвари азизамон низ аз ҳамин ибтикороти бузург ба шумор меравад.

Дастовардҳои бузурге, ки дар ҷодаи илму техника, пеш аз ҳама, рушди маънавии ҷавонон ба чашм мерасад, башорати самараҳои даврони истиқлол буда, ҳар як ҷавони соҳибватанро водор менамояд, беш аз пеш дар устувории таҳкими пояҳои давлатдорӣ нақши худро гузорад, гузашта аз ин, барои пойдории сулҳу суботи мамлакат пайваста кӯшиш намояд.

Нависандаи фаронсавӣ Виктор Гюго аз даричаи нигоҳи худ ба ин масоил мепардозад: «Дар ҷаҳон халқи кам вуҷуд надорад…Бузургии халқро бо шумораи аҳолиаш намесанҷанд, ба мисле, ки шахси бузургро бо қадаш чен намекунанд». Пас, бигзор Ватани азизи мо-Тоҷикистонро ҳамон гунае бишносанд, ки шарари меҳри мардумаш мисли гармои офтоб рӯҳбахш бошаду дар он худшиносии ҳар як фарди бономусу нанги он ҳувайдо бошад.

Шарипова М.З.-дотсент, номзади илмҳои филологӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ