​Ҷаласаи Шӯрои олимон: баррасии равандҳои фаъолият

Дар доираи ҷаласаи навбатии Шӯрои олимони донишгоҳ панҷ масъала баррасӣ шуд. Ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом ҷаласаро ифтитоҳ бахшида, қарорҳои ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишҳо ва протоколҳои ҷаласаҳои назоратии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор дод.

Аз рафти фаъолияти Институти илмӣ-тадқиқотии илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ: вазъи кунунӣ ва дурнамо директори Институти илмӣ-тадқиқотӣ Қодиров Абдураҳмон, оид ба натиҷаи ҷамъбасти сессияи тобистонаи шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ (ғоибона)дар соли таҳсили 2023-2024 мудири шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ Каримов Илҳом, оид ба баррасии пешниҳоди Комиссияи махсуси кории назди Шӯрои олимони донишгоҳ ҷиҳати аз гурӯҳи ғайриройгон ба гурӯҳи ройгон гузаронидани донишҷӯён ва муайян намудани имтиёз ба пардохти маблағи таҳсили муҳассилини ятиму бепарастор, маъюби дар гурӯҳи шартномавӣ таҳсилкунанда мудири шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ Бобоҷонова Саломат гузориш доданд.

Бо баррасии масоили мавриди матраҳ ва қабули қарорҳои дахлдор ҷаласаи Шӯрои олимон анҷом пазируфт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ