​АФЗОИШИ НЕРУИ ИЛМӢ ДАР СОЛИ 2025

Соли 2025 Донишгоҳ фаъолияти худро бо ҳайати боз ҳам пурқуввати омӯзгорон идома дода, нишондиҳандаҳои илмӣ ва кадрии худро нисбат ба соли қаблӣ беҳтар намуд. Тибқи маълумоти расмӣ, соли 2025 дар Донишгоҳ 978 нафар омӯзгор фаъолият мекунанд, ки нисбат ба соли 2024 (904 нафар) 74 нафар зиёд мебошад.

Яке аз дастовардҳои муҳим афзоиши шумораи устодони соҳибунвон мебошад. Агар соли 2024 устодони соҳибунвон 51,7 фоизи теъдоди умумии омӯзгоронро ташкил медоданд, пас соли 2025 ин нишондиҳанда ба 52,8 фоиз расидааст. Ин рақамҳо аз болоравии сатҳи илмӣ ва касбии ҳайати омӯзгорӣ шаҳодат медиҳанд.

Дар соли 2025 дар Донишгоҳ 55 нафар доктори илм, профессор фаъолият доштанд, ки нисбат ба соли 2024 (53 нафар) 2 нафар бештар аст. Шумораи номзадони илм ва дотсентон низ афзоиш ёфта, аз 413 нафар дар соли 2024 ба 462 нафар дар соли 2025 расидааст. Ин тамоюл нишон медиҳад, ки ҷалби кадрҳои илмӣ самаранок амалӣ мегардад.

Қобили зикр аст, ки нақши занон дар ҳайати омӯзгорӣ низ сол то сол тақвият меёбад. Аз 978 нафар омӯзгори соли 2025, 524 нафарро занон ташкил медиҳанд. Аз ҷумла, 247 нафар зан номзади илм ва 11 нафар зан доктори илм, профессор мебошанд. Ин нишондиҳандаҳо далели иштироки фаъол ва муассири занон дар рушди илму маориф ба шумор мераванд.

Ҳамин тариқ, муқоисаи маълумоти солҳои 2024 ва 2025 нишон медиҳад, ки Донишгоҳ дар самти таҳкими неруи инсонӣ, боло бурдани сатҳи илмӣ ва таъмини сифати таълим қадамҳои устувор мегузорад. Афзоиши шумораи омӯзгорон ва устодони соҳибунвон башорати нек барои ояндаи илму маориф ва тайёр намудани мутахассисони рақобатпазир мебошад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ