Қирғизҳо - гунаҳкори асосии муноқишаҳои сарҳадӣ

Соли 2010 10-11-уми июн дар ҷануби Қирғизистон байни ӯзбекҳо ва қирғизҳо, ки солҳои дароз дар ин маҳалла зиндагӣ мекарданд, даргириҳои байнимиллӣ ба вуқӯъ пайваст. Дар натиҷа зиёда аз 90 ҳазор нафар гуреза шуданд ва зиёда аз 75 ҳазор нафарро Ӯзбекистон қабул намуд. Тибқи маълумоти расмӣ зиёда аз 447 нафар мардуми ӯзбек аз ҷониби миллатгароёни қирғиз ваҳшиёна ба қатл расонида шуданд. Аммо тибқи хабарҳои ғайрирасмӣ ин шумора ба маротиб зиёд аст.

Дар ин даргирӣ чандин маҳаллаҳои ӯзбекнишин аз тарафи миллатгароёни қирғиз сӯзонида ба хок яксон шуданд. Куҷо буданд дар ҳамон шабу рӯз ташкилотҳои байналмиллалӣ, ки қирғизҳоро ба наслкушӣ мутаҳҳам кунанд?..

Мардуми тоҷик ҳамеша бо ҳамсоягонаш аз рӯзи азал муносибати дӯстона дошт! Дар таърих миллати тоҷик ба ягон давлат ҳуҷум накардаааст. Аммо ҳар касе бо нияти нопок ба сарзамини аҷдодии мо ворид шуданӣ буд, ба ҷавоби сахти мақомотҳои дахлдор рӯ ба рӯ шуд ва мешавад.

Дирӯз дар Спутник.тҷ хабар паҳн гардид, ки роҳбари КДАМ Қирғизистон Камчибек Тошаев зикр медорад, ки мо аз аввал омодагии худро ба ин ҷанг дида будем. Ин касиф ҳамеша дар фикри ҷанг буд. Бо супориши ҳамин дидаю дониста ба тарафти раиси шаҳри Исфара тир холӣ карда шуд ва нафаре, ки раиси шаҳрро ҳимоя мекард аз тарафи сарҳадбонони қирғиз ва ё мардуми ин кишвар кушта шуд. Магар сокинони наздисарҳадӣ ва ё марзбонони он ҷониб раиси шаҳри Исфараро намешинохтанд? Хуб мешинохтанд!

Агар омодагии пешакии мақомоти қудратии Қирғизистон намебуд, дар ним соат мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи мо то маркази вилоят рафта мерасиданд. То рафта расидани афсарону сарбозони мо, аз тарафи миллатгароёни қирғиз чандин хонаву иншооти сокинони наздимарзии Тоҷикистон тирборон карда шуда, молу мулки онҳо ғорат гардид. Баъдан аз тарафи мақомоти дахлдори мо, бо мақсади ҳимоят аз сокинони осоишта оташи ҷавобӣ кушода шуд.

Имрӯз мақомоти қирғиз ба ҷомеаи ҷаҳонӣ худро чун бечора вонамуд карда истодааст, ки инро бо забони мо ғаррию пешхезӣ мегӯянд. Санаҳои 1-2-юм дар шабакаи Евронюс ва дигар расонаҳои хабарии ҷаҳонӣ, масъалаи муноқишаи сарҳадӣ яктарафа баҳо дода шуд. Аз ин лиҳоз, аз мақомотҳои марбутаи кишвар ва ҳолатҳои фавқулода хоҳиш дорем, ки омори кушташудагону захмиёнро эълон намоянд. Ҳамзамон аз тарафти мардум ва низомиёни қирғиз чанд хонаю иншоотҳои тоҷикон дар навоҳии Исфара ва Бобоҷон Ғафуров вайрону валангор гардидааст, расонаӣ намоянд. Зеро мақомоти қирғиз танҳо худро ҷабрдидаи ин ҷанг медонаду халос.

Мо мардуми тоҷик ягон вақт хоҳони ҷанг набудему нестем! Ҷанг барои тамоми миллатҳо бадбахтӣ меорад, инро хуб мефаҳмем. Медонем, ки гурӯҳҳое ҳастанд, ки мехоҳанд вазъияти байни давлатҳоро ноором созанд. Аз ин лиҳоз бори дигар аз тамоми сокинони мамлакатамон хоҳиш доерем, ки вазъияти баамаломадаро дуруст таҳлил намуда, бо забонҳои русиву англисӣ мавод нашр намоянд, то ки гуноҳи накарда ба гарданамон бор нашавад.

Раҳмоналӣ Ҳазратқулов

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ