​Қадршиносии устоди донишгоҳ барои фаъолияти самаранок

Мудири кафедраи адабиёти муосири тоҷики МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” Замира Ӯлмасова ҷиҳати фаъолияти самаранок, саҳми арзанда дар таълиму тарбияи мутахассисони соҳибкасб, ширкати фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ ва анҷоми корҳои босамари илмӣ бо Ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд сарфароз гардонида шуд.

Маросими қадршиносӣ субҳи имрӯз дар толори Кохи «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ва муовини Раиси вилояти Суғд Баҳоваддин Баҳодурзода бахшида ба таҷлили Рўзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт.

Замира Ӯлмасова, доктори илмҳои филология, профессор, муаллифи зиёда аз 200 асари илмӣ, илмӣ-методӣ ва публитсистӣ буда, мақолаҳояш мунтазам дар маҷаллаву рўзномаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ўзбекистон, Қирғизистон ва Федератсияи Русия чоп мешаванд.

Рисолаҳои илмӣ «Назаре ба таърихи дузабонӣ дар адабиёти тоҷик ва ўзбек» (1998), «Ғояҳои ватанхоҳӣ дар эҷодиёти Мирзо Турсунзода» (2001), «Истиқлол ва инкишофи романи таърихӣ» (2011), «Поэтика исторического романа» (2013), «Исторический роман эпохи независимости» (2016) ва китобҳои таълимӣ-методии ў «Дастури методӣ оид ба таълифи корҳои курсӣ ва дипломӣ» (2011), китобҳои дарсӣ «Таърихи адабиёти муосири тоҷик» (2014), «Таърихи адабиёти хориҷӣ» (2018) барои пешрафти илми адабиётшиносӣ ва таълиму тадриси донишандўзон хизмати шоиста мекунад.

Мавсуф соли 1998 дар мавзўи «Дузабонӣ ҳамчун муҳимтарин шакли равобити адабиёти тоҷику ўзбек» дар Шӯрои дифои назди ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров рисола барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ ҳимоя кардааст. 15 марти соли 2019 дар мавзӯи «Консепсияи бадеии шахсият дар романҳои таърихии тоҷикии охири асри XX ва аввали садаи XXI» дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон рисолаи докториро бо муваффақият дифоъ намуд.

Барои хизматҳои шоиста дар пешрафти илми тоҷик ва таълиму тарбияи насли ҷавон соли 2018 бо нишонаи Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон сарфароз гардидааст.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ