​Баргузории чорабинии фарҳангӣ-адабӣ таҳти унвони “Шуълаи субҳи саодат”

Дар факултети забонҳои шарқ чорабинии фарҳангӣ-адабӣ таҳти унвони “Шуълаи субҳи саодат” бахшида ба “Бистсолаи омӯзиши фанҳои дақиқ, риёзӣ ва табиатшиносӣ дар соҳаи илму маориф” ва Рӯзи байналмилалии тақдими китоб баргузор гашт.

Аз оғоз то анҷом чорабинии бошукӯҳ инъикосгари эҳсоси баланди инсонӣ, ишқу муҳаббат нисбат ба волидайн, оила, устод ва Ватан буд.

Дар ҷамъбасти чорабинӣ декани факултет, дотсент Ислом Раҳимов аз донишҷӯён даъват ба амал овард, ки ҳамеша эҳтиром ва меҳру муҳаббати хешро бо маърифату заковат ва малакаи забондонӣ нигоҳ дошта, ҳамқадами илм ва технологияи пешрафтаи ҷоҳон бошанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ