Бад кунад ҳар кӣ бунёдаш бад аст...

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш, ки дар таърихи 26-уми декабри соли 2019 ироа гардид, чунин иброз доштанд: "Амалҳои даҳшатноки террористӣ, ки солҳои охир дар гўшаҳои гуногуни олам содир гардида, боиси марги ҳазорон одамони бегуноҳ шуда истодаанд, возеҳ нишон медиҳанд, ки терроризм имрўзҳо ба таҳдиди воқеиву ҷиддӣ ба амнияту суботи ҷаҳон ва пешрафти инсоният табдил ёфтааст".

ТТЭ ҲНИ бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ ва гурўҳҳои дигари ҳаммаслаки он, ки берун аз кишвар манзил гузидаанд, аз қабили он ниҳодҳои тундраве мебошанд, ки омилҳои муташанниҷро дар ҷомеаи мо, ки айни ҳол сулҳу ваҳдат ва суботи сиёсӣ ҳукмрон аст ба вуҷуд овардан мехоҳанд ва бо истифода аз сарпарастиву ҳимояи муғризонаи хоҷагони бурунмарзиашон, ҳанўз ҳам барои тира кардани фазои ақидатии ҷомеаи мо талошҳои беҳуда меварзанд. Онҳо намефаҳманд ва дарк намекунанд, ки бори каҷ ба манзил нахоҳад расид.

Ин гуна гурўҳҳои нохалаф дини исломро бар худ ниқоб карда, ба бовариву эътиқоди баъзе аз ашхоси ба худашон монанд даромада, дар ҷомеаҳои мухталифи минтақаву ҷаҳон кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ, зиддидинӣ ва зиддиахлоқӣ анҷом медиҳанд. Худашонро боз ҳомӣ ва пайрави ислом мегиранд. Онҳо чӣ гуна аз ислом ҳарф мезананд, ки худашон иғвоангезӣ, тафриқаандозӣ, хиёнат, зулму тааддӣ, нохалафӣ, бадкирдорӣ ва дигар амалҳои ғайриинсониву ғайриисломӣ мекунанд? Ин гуна гурўҳҳо ғафлатзадаву худозада буда, ба ҳаёти инсоният, миллатҳо ва давлатҳо хатарзо маҳсуб мегарданд. Чаро ки террорист давлату миллат, забону сарҳад, фарҳангу мазҳаб надорад ва ғуломи зархариди "хоҷагони хориҷааш" буда, манофеи онҳоро ҳимоя мекунад. Беҳуда дар урфият намегўянд, ки бад кунад ҳар кӣ бунёдаш бад аст. Ҷомеаи Тоҷикистон ин гуна амалҳои ифротиро қатъиян маҳкум менамояд.

Мардуми шарифи Тоҷикистон ба арзишҳои давлату миллати хеш эҳтиром қоил аст ва онро чун гавҳараки чашм муҳофизат хоҳад кард. Њама ин тараққиёт, рушду такомул, пешрафт, ободониву созандагӣ, амнияту бехатарӣ магар аз сулҳу ваҳдат нест? Магар ин хандаи кўдакон, оромии қалби модарон ва осмони мусаффо аз тинҷӣ нест? Ин ва дигар суоли зиёде ҳаст, ки шумо якчанд тоҷикони сиёҳдил ва ё иғвоангези хориҷа, ки бо баромадҳои беасосу иғвоангези хеш байни мардум тафриқа меандозед, бояд биандешед!


Меҳроби Ватан



МАРКАЗИ ИТТИЛООТ