​Вокуниш ба мақолаи ҳамсоягони мо хостгори ҳамзистии осоишта нестанд. Чаро?

Саҳарии 8-уми январи соли 2020сокинони маҳаллаи Кӯктошти ноҳияи Боткен хонаи истиқоматии дар боғаш даҳсолаҳо қабл бунёд кардаи истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Чоркӯҳишаҳри Исфара Нарзулло Абдуллоевро оташ заданд, ки дар натиҷа бино фурӯ рафт умуман корношоям гаштааст .

9-уми январи соли 2020 соати 21:20 шаҳрвандони Қирғизистон бидуни сабабе ба мошини сабукравӣ шахсии шаҳрванди Тоҷикистонистиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара Зафар Аъзамовро мавриди сангборон қарор дода шишаҳои онро шикастанд.

Субҳи 10-уми январи соли 2020 хабари нохушӣ тирпарронӣ дар марз воқеъ дар минтақаи назди сарҳадии маҳаллаи Сомониёни ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ аз ҷониби сокинон ва низомиёни Қирғизистон боиси изтиробу нороҳатиимардуми мо гардид.

Шаби 9-ум ва 10-уми январи соли 2020 тахминан соати 02:00 то 02:30 дар марз тирпарронӣ ба ҳаво аз ҷониби шаҳрвандон ва низомиёни қирғиз сурат гирифт, ки муфофиқи маълумоти расида бо истифода аз яроқи шикорӣ ва автомати Калашников парронида шуданд. Тирпаррониҳои бетартибона танҳо соати 02:30 баъд аз дахолати намояндагони ВКД ва Хадамоти сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишвари ҳамсоя қатъ гардидааст.Оиди дар натиҷаи ин тирпарронӣ осеб дидани шаҳрвандони Тоҷикистон ҳанӯз иттилое нарасидааст.

Бояд тазаккур дод, ки ин се воқеаи нохуши дар даҳрӯзаи аввали соли равон рухдода идомабахши силсилаи амалҳои иғвогарона ва муноқишаҳои сокинон ва низомиёни Ҷумҳурии Қирғизистон дар соли 2019 аст.

Мо мардуми сарбаланди тоҷик тарафтори зиндагии осоишта мебошем.

Аммо ҳамсоягони мо доимо дар фикри он ҳастанд, ки базиндагии осоиштаи халқи тоҷик хала расон бошанд. Магар онҳо модар ва оила надоранд, ки ин гуна рафтори бад мекунанд. Аз хурд то калон ягон нафари рӯи олам ҷангу хунрезиро намехоҳад. Магар онҳо инро намефаҳманд ва ё дарк намекунан?Вой бар ҳоли он нафароне, ки аз қолаби одамгарӣ берунанд.

Ман ҳамчун шаҳрванди бонангу номуси миллати худ ин амалҳои ғаразонаро маҳкум намуда мехохам, ки дар мамлакати мо ва ҳамсоягони мо доим тинҷию ороми ва осоиштаги бошаду кӯдакони дар руҳияи Ватандӯстӣ ва меҳру муҳаббат, дӯстиву рафоқат тарбия ёбанд

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ