​Қадршиносии устоди донишгоҳ бо Ҷоиза ва Дипломи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Боҳирҷон Раҷабов, сардори шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо Ҷоиза ва Дипломи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои олимони ҷавон дар соли 2020 қадр карда шуд.

Ҷоиза ва Дипломи Академия барои анҷоми таҳқиқоти илмӣ роҷеъ ба “Афкори адабӣ-танқидӣ ва бадеии ғоявии Лоиқ Шералӣ дар осори публитсистии ӯ” тақдим шудааст.

Ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ Боҳирҷон Раҷабовро шодбош намуда, тавфиқи ҳамешагӣ ва саломатии бардавом хоҳон аст.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ