Эълони қабул ба докторантура (PhD)

МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ТАЪЛИМИИ «ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХУҶАНД БА НОМИ АКАДЕМИК БОБОҶОН FАФУРОВ» ҚАБУЛИ ДОВТАЛАБОНРО БА ДОКТОРАНТУРА АЗ РЎИ ИХТИСОС (РhD) БАРОИ СОЛИ ТАҲСИЛИ 2020 – 2021 БА ТАРЗИ ТАҲСИЛИ РЎЗОНА АЗ РЎИ ИХТИСОСҲОИ ЗЕРИН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:

6D010200

Педагогика ва методикаи таълим

6D010300

Педагогика ва психология

6D010700

Санъати тасвирӣ ва нақшакашӣ

6D020300

Таърих

6D020900

Шарқшиносӣ

6D020500

Филология

6D021400

Адабиётшиносӣ

6D021300

Забоншиносӣ

6D050600

Иқтисодиёт

6D050800

Молия

6D050900

Баҳисобгирӣ ва аудит

6D060100

Математика

6D060400

Физика

6D060600

Химия

6D060700

Биология

6D060900

География

6D070300

Системаҳои иттилоотӣ

6D091100

Геоэкология ва идоракунии истифодабарии табиат

6D075100

6D060800

Информатика, техникаи ҳисоббарор ва идоракунӣ

Экология


Шартҳои қабул ба докторантура аз рўи ихтисос (РhD)

Ба докторантура - доктори фалсафа (PhD), доктор аз рўи ихтисос дар шакли таҳсили рўзона шахсоне, ки дараҷаи академии «магистр» доранд, қабул карда мешаванд.

Довталабоне, ки ба докторантура - доктори фалсафа (PhD), доктор аз рўи ихтисос қабул мешаванд, бояд яке аз забонҳои хориҷӣ (англисӣ, немисӣ, франсузӣ, чинӣ ва ғайра)-роозодона донанд.Бо ин мақсад довталабони докторантура дар баробари имтиҳонҳои дохилшавӣ азихтисос, ҳамчунин аз яке аз забонҳои хориҷӣ имтиҳони дохилшавӣ месупоранд.

Шаҳрвандони хориҷӣ, ки ба докторантура - доктори фалсафа (PhD), доктор аз рўи ихтисос дохил мешаванд, иловатан аз фанни забони тоҷикӣ имтиҳони дохилшавӣ месупоранд.

Номгўи ҳуҷҷатҳо, ки барои дохилшавӣ ба докторантура аз рўи ихтисос пешниҳод мешаванд:

-ариза ба номи ректор;

-нусхаи шиноснома;

-нусхаи нотариалӣ тасдиқкардашудаи дипломҳои таҳсилотиолӣ ва баъдидипломӣ ва замимаҳои он (дипломи бакалавр ва магистр);

-варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо;

-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ, ки аз тарафи шуъбаи кадрҳо тасдиқ карда шудааст (ҳангоми доштанисобиқаи корӣ);

-сертификати супоридани имтиҳонҳои иловагӣ аз забони хориҷӣ, дар сурати мавҷуд будан (TOEFL ва ғайра);

-мактубҳои тавсиявӣ (бо тасдиқи муҳри ташкилот);

-рўйхати чопи мақолаҳои илмӣ ва корҳои таълимӣ-методӣ (дар ҳолати надоштан, пешниҳод намудани реферат аз рўи ихтисос бо тақризи на камтар аз ду мутахассиси соҳа);

-розигии хаттии роҳбари илмӣ;

-асосномаи таҳқиқоти диссертатсионии ба нақшагирифташуда дар мувофиқа бо мушовири илмӣ (тибқи дархости муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмӣ);

тасдиқномаи тиббӣ шакли 086-У;

6 дона расми андозаи 3х4.

Ҳуҷҷатҳо аз 1-уми июл то 10 -уми августи соли 2020 қабул карда мешаванд.

Суроғаи мо: шаҳри Хуҷанд, кўчаи Гагарин 147, бинои таълимии факултети геоэкология (назди беморхонаи марказии шаҳри Хуҷанд). Телефон барои иртибот: 92-775-04-75, 92-773-17-78.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ