​Мусобиқаи футбол байни донишҷӯён ҷамъбаст гардид!

Давоми ҳафтаи равон дар майдончаи варзишии донишгоҳ бахшида ба 29 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 5500 солагии Саразми бостонӣ ва 700 – солагии Камоли Хуҷандӣ ва дар асоси нақшаи чорабиниҳои шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ бо мақсади тарғибу ташвиқи намудҳои мухталифи варзиш байни донишҷӯён, таҳкими дӯстӣ ва ватанпарастӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби донишҷӯён ба машғулиятҳои мунтазами варзишӣ ва барои интихоб намудани донишҷӯ – варзишгарони болаёқат барои дастаҳои яккачини донишгоҳ, тайёрӣ ва иштирок дар Спартакиадаҳои вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олӣ мусобиқаи футбол байни донишҷӯёни донишгоҳ ташкил ва баргузор карда шуд.

Баъд аз давраҳои гуруҳӣ, ¼ ниҳоиву нимниҳоӣ футболбозони факултети телекоммуникатсия ва техналогияи иттилоотӣ бо футболбозони факултети забонҳои шарқ дар давраи финалӣ байни ҳам сабқат намуданд. Қисми асосии бозӣ бо ҳисоби мусовии 2 бар 2 ба анҷом расид. Баъди иҷрои зарбаҳои 11 метра дастаи факултети телекоммуникатсия ғолибиятро ба даст оварда чемпиони мусобиқа гардид.

Дар асоси низомномаи тасдиқгардида бо иқдоми шуъбаи кор бо ҷавонон мусобиқаи варзишӣ аз рӯи намудҳои волейбол ва баскетбол низ ташкилу баргузор гардида ғолибон бо ҷом ва дилому медалҳо қадршиносӣ карда мешаванд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ