​Ҷавонон - тарафдори ҷомеаи солим

Перомуни ин мавзуъ дар кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология мулоқот доир гардид.

Мурод Собиров, мудири кафедра ҳадафи мулоқоти мазкурро шарҳ дода, доир ба аҳамияти интихоби тарзи ҳаёти солим ибрози назар намуд.

Мавсуф ба донишҷӯён тавсияҳои Ситоди ҷумҳуриявии пешгирии паҳншавии бемории сироятии COVID-19 ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистонро хотиррасон намуда, ҷиҳати мубориза бо паҳншавии бемориҳои сироятӣ донишҷӯёнро ба масъулиятшиносӣ ва риояи қоидаҳои беҳдоштӣ даъват намуд.

Дар идомаи мулоқот аз ҷониби намояндаи Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Хуҷанд Ботуров Р.роҳҳои пешгирӣ аз гирифторшавӣ ба коронавирус фаҳмонида шуд.

Ҳамзамон, омилҳои сироятёбӣ ба бемории вируси норасоии масъунияти одам (СПИД) ба донишҷӯён шарҳ дода шуда, ҷиҳати пешгирӣ аз гирифторшавӣ тавсияҳои судманд ироа гардид.

Маврид ба зикр аст, ки мулоқоти мазкур бо ташаббуси шуъбаи тарбияи раёсати донишгоҳ бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҳифзи солимии ҷомеа ташкил гардида, дар дигар факултетҳои донишгоҳ низ идома дорад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ