​Тозанашр: “Ҷавонон ва оиладорӣ: Пешвои миллат ва таҳқиқи муаммоҳои иҷтимоӣ”

Таҳти унвони “Ҷавонон ва оиладорӣ: Пешвои миллат ва таҳқиқи муаммоҳои иҷтимоӣ” китоби номзади илмҳои фалсафа, дотсент, сардори маркази иттилоот ва таҳлили МДТ "Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров", Фаридун Ҳодибоев тариқи матбааи “Нури маърифат” ба нашр расид.

Китоб зери назари Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло – ректори МДТ «ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров», доктори илмҳои таърих, профессор рӯи чоп омада, дар он пайкори созанда ва ибратбахши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамзамон омилҳои пойдории давлат ва рушди он, тарбияи ахлоқӣ-ватандӯстии ҷавонон, рукнҳои оиладорӣ ва устувории он, омодагӣ ба оиладорӣ, пешгирии низоъ дар оила ва падидаҳои манфӣ дар байни ҷавонон ва ҷомеа баррасӣ шудаанд.

Дар муқаддимаи китоб зикри ин нукта рафта, ки “рушди босуръати илму техника дар асри имрӯз ба ҳаёти иҷтимоии одамон таъсири амиқ дошта, тафаккури техникӣ ва эҷодии ҳар як фард новобаста аз миллат, дин, минтақа ва дигар арзишҳо рушду такомул меёбад. Дар ин ҳол масъалаи ахлоқ, махсусан ахлоқи иҷтимоии ҷавонон яке аз муаммоҳои мубрам ва ба таҳлил ниёздоштаи рӯз ба шумор меравад. Дар робита ба ин нуқтаи муҳим дар заминаи фаъолияти ибратбахши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имкон дорад, ки ба масъалаҳое чун омилҳои пойдории давлат ва рушди он, илм ва амнияти миллӣ, татбиқи санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ, рукнҳои оиладорӣ ва мустаҳкам намудани муносибатҳои хонаводагӣ, тарбияи ахлоқиву ватандӯстии ҷавонон, омодагӣ ба оиладорӣ, пешгирии низоъ дар муҳити хонавода ва падидаҳои манфӣ дар байни ҷавонон ва ҷомеа таваҷҷуҳи хосе сурат гирад.

Барои ҳар миллату давлат шахсияти муҳими таърихиву сиёсӣ лозим аст, бидуни чунин шахсият ҳеҷ халқе пеш нарафтааст. Барои миллати тоҷик дар интиҳои асри XX ниёз ба чунин шахсият пайдо шуд.

Баъди ба сари давлат омадани Эмомалӣ Раҳмон соҳаҳои хоҷагии халқ ба рушди бемайлон рушд кард, иқтисод, иҷтимоъ, илм, маънавият, фарҳанг, ҳифзи саломатии аҳолӣ ва амсоли инҳо марҳала ба марҳала тараққӣ ёфт”.

Муҳаррири китоби мавриди зикр адабиётшинос, номзади илмҳои филологӣ, Субҳони Аъзамзод мебошад. Китоб барои донишҷӯён, муҳаққиқону омӯзгорон, ҷомеашиносон, фарҳангшиносон, кормандони сохторҳои давлатии кор бо ҷавонон, занон ва оила, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дигар алоқамандон тавсия гардидааст.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ