​Факултети забонҳои шарқ: “Рӯдакӣ рафту монд осори ӯ”

Бахшида бар Рӯзи бузургдошти асосгузори адабиёти классикии форсу тоҷик Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, имрӯз 22-юми сентябри соли 2020 бо ташаббуси кафедраи забон ва адабиёти тоҷики факултети забонҳои шарқ ва кафедраи умумидонишгоҳии фарҳангшиносӣ дар толори факултет чорабинии илмӣ-адабӣ таҳти унвони “Рӯдакӣ рафту монд осори ӯ” баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур декани факултет дотсент Раҳимов Исломҷон, ноибдекани илм Оқилова Ҳилолахон, мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷик Шарипова Муътабар ва мудири кафедраи умумидонишгоҳии фарҳангшиносӣ дотсент Ҷӯраева Сарвиноз ва инчунин кулли устодону донишҷӯёни факултет ширкат варзиданд.

Сараввал, декани факултет Раҳимов И. У. Чорабиниро ҳусни ифтитоҳ бахшида, аҳли нишастро ба Рӯзи бузургдошти АбуабдуллоҳРӯдакӣ шодбош гуфтанд ва оиди аҳамияти осори пурғановати устод Абӯабдуллои Рӯдакӣ баҳри донишҷӯён маърӯзаи пурмуҳтаво намуданд.

Сипас, мудири кафедраи фарҳангшиносии донишгоҳ, дотсент Ҷӯраева С. Б. дар суханронии худ доир ба мавзӯи “Фарҳанг ва ҳуввияти миллӣ дар ашъори Абуабдуллои Рӯдакӣ” баромад намуда, таъкид сохтанд, ки мо мардуми тоҷик соҳиби тамаддуну маданияти бисёрҳазорсолаем, ки ин масъулияти ҷавононро даҳчанд мегардонад. Аз ин лиҳоз, бояд ҷавонони мо чун ворисони арзандаи бузургони адабиёту фарҳанги тоҷикӣ ба қадри ин неъмату дастовардҳо бирасанду донишу маҳорати хешро такмил диҳанд. Неруву қувваи хешро баҳри созандагии кишвари азизамон масраф созанд .

Баъдан аз ҷониби донишҷӯёни курсҳои якуми факултети забонҳои шарқ аз осори гаронбаҳои устод Рӯдакӣ порчаҳои назмӣ қироат гардида,аз ҷониби донишҷӯи курси дуюм Муродов Низомиддин бо як истеъдоди баланд аз ашъори устод Рӯдакӣ суруд сароида шуд ва баҳри болидахотирии аҳли нишаст рақси зебое иҷро гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ