Таваҷҷуҳ ба забономӯзӣ зиёд мешавад

Раванди ҷаҳонишавии муосир зарурият пеш оварда, ки ҳамакнунба масоили омӯзиши забонҳои хориҷӣ аҳамияти махсус зоҳир гардад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид мекунанд, ки дар замони имрӯза ҳар як шахси бомаърифат, махсусан, ҷавонон баробари дар сатҳи аъло донистани забони модарии худ се-чор забони хориҷӣ, аз ҷумла забонҳои русӣ ва англисиро бояд омӯзанд, ки ин талаботи ҷаҳони муосир аст.

Бо назардошти ин нукта ва дар партави дастуру супоришоти Пешвои муаззами миллат дар муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” ҷиҳати омӯзиши забони хориҷӣ тадбирҳои судманд роҳандозӣ шуда, дар самти баланд бардоштани сатҳи забондонии донишҷӯён пайваста иқдоми зарурӣ амалӣ мешавад.

Тавсеа бахшидани имкониятҳои таълиму тадрис дар факултети забонҳои хориҷии донишгоҳ, фароҳам овардани шароити муосири таҳсил ва ҷалби устодони варзида дар самти тайёр намудани мутахассисони ҳирфаӣ ва баланд бардоштани сатҳи забондонии ҷавонон заминаи созанда ба вуҷуд овардааст.

Ҷойи ифтихор аст, ки факултети забонҳои хориҷии донишгоҳ шуруъ аз соли 1967 то имрӯз 48 нафар номзад ва 1 нафар доктори илмро тарбия намудааст. Факултет давоми фаъолияти худ ҷиҳати тарбияи кадрҳои баландихтисос аз рӯи ихтисосҳои омӯзгори забони англисӣ, забони олмонӣ, забони англисӣ-олмонӣ, забони англисӣ-тарҷумони назария ва амалияи тарҷума ва дар зинаи магистратура мутахассисонро аз рӯи ихтисоси забони англисӣ саҳми муассир мегузорад.

Мувофиқ ба маълумоти оморӣ аз соли 1954 то имрӯз факултетро қариб 7000 нафар мутахассисон хатм намуда, ҳоло беш аз 1200 нафар донишҷуён дар зинаи бакалавр, магистр ва докторант PhD таҳсил менамоянд, ки ба онҳо зиёда аз 70 нафар омӯзгорони соҳибтаҷриба таълиму тарбия медиҳанд.

Алҳол, дар факултет 6 кафедра фаъолият мебарад:

кафедраи фонетика ва лексикалогияи забони англисӣ

тарҷума ва грамматикаи забони англисӣ

назария ва амалияи забони англисӣ

методикаи таълими забонҳои хориҷӣ

кафедраи забони олмонӣ

кафедраи умумидонишгоҳии забонҳои хориҷӣ

Дурахшон Ҳомидҷонова,

аъзои маҳфили “Нерӯи сухан”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ