​Парчам - рамзи давлатдории миллӣ

Таҳти ин унвон дар факултети физикаю техника конфронси илмӣ-амалӣ доир гардид.

Декани факултет, номзади илмҳои физика-математика Шамсиддинов Муъминҷон ҳадафи ташаббуси мазкурро шарҳ дода, дар бораи аҳамияти таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан намуд.

Сардори Маркази иттилоот ва таҳлили донишгоҳ, номзади илмҳои фалсафа, дотсент Фаридун Ҳодибоев дар мавзӯи “Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифодагари ҳисси миллӣ ва ифтихори миллии тоҷикон” маърӯза ироа намуд.

Мавсуф таъкид дошт, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рукнҳои асосии муқаддасоти миллӣ буда, он ифодагари рамзи ҳаёти осоишта, меҳнатдӯстӣ, бахту иқболи сафед, умед ба ояндаи нек ва лоиқи эҳтироми пиру барнои кишвар гардидааст.

Гуфта шуд, ки парчамдориву парчамбардорӣ ба халқи мо аз аҷдод мерос монда, пайдоиши парчам ба давраҳои хеле қадим алоқа дорад. “Агар ба рамзҳо ба назари таҳқиқ ва таҳлил нигарем, ҳар як рамз то андозае равшангари таърих, сарнавишту саргузашти қавмҳо, халқиятҳо, миллату давлат, инъикосгари фарҳангу тамаддун ва орзуву ормонҳои мардуманд” – зикр намуд дотсент Фаридун Ҳодибоев.

Дар идомаи конфронс аз ҷониби сармуаллими кафедраи умумидонишгоҳии таърихи халқи тоҷик Махкамов таҳти унвони “Парчам-рамзи сарбаландии давлат” маърӯза шунида шуд.

Боқироати шеър аз ҷониби донишҷӯён дар васфи Ватан, истиқлолият ва Парчам ба кори конфронс анҷом бахшида шуд.

Маврид ба зикр аст, ки дар МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” ҷиҳати сазовор таҷлил намудани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон силсилаи чорабиниҳои гуногун ва конфронси илмӣ-амалӣ идома дорад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ