​“Нерӯи сухан”: тадбирҳо ҷиҳати ҷоннок намудани фаъолияти маҳфил

Дар маҳфили навбатии “Нерӯи сухан” масоили марбут ба тақвият бахшидани фаъолияти аъзоёни маҳфил мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Сардори Маркази иттилоот ва таҳлили донишгоҳ, дотсент Фаридун Ҳодибоев, вазифа ва уҳдадориҳои минбаъдаи аъзои маҳфилро шарҳ дода, ҷиҳати такмили маҳорати эҷодии донишҷӯён маслиҳатҳои муфид ироа намуд.

Мавсуф хотиррасон намуд, ки маҳфили “Нерӯи сухан” бо фармоиши ректори донишгоҳ бо мақсади баланд бардоштани ҳунари нигорандагӣ ва эҷодии донишҷӯён, пурра ва ғанӣ намудани фазои иттилоотии донишгоҳ, ҷалби таваҷҷуҳи донишҷӯён ба масоили мубрами сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат ва фароҳам овардани имконият ҷиҳати ифода намудани нуқтаи назари донишҷӯён оид ба воқеоти дохил ва хориҷи кишвар таъсис ёфтааст.

Таъкид гардид, ки минбаъд фаъолияти маҳфил бояд боз ҳам ҷоннок гардида, ҳамкории аъзоёни маҳфил бо масъулини сомона, студияи таълимӣ-телевизионӣ, радио ва рӯзномаи донишгоҳ мунтазам ба роҳ монда шавад.

Ҳамзамон, ҷиҳати таъмини фаъолнокии аъзоёни маҳфил таҷрибаомӯзии амалии донишҷӯён дар назди нашрияи донишгоҳ -“Нури маърифат” ба роҳ монда шуда, минбаъд аъзои маҳфил ҳафтае як маротиба дар идораи нашрия маҳорати эҷодии худро такмил хоҳанд дод.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ