​Сад афсӯс доғи судӣ дар давраи пирӣ

Кабирӣ, ки симои саркардагони ташкилоти террористии Ҳизби наҳзат (фаъолияташ мамнӯъ дар Тоҷикистон) афкору ақидаҳои худро, ки хусусияти дасисабозиву иғвогарона дошта, мӯҳтавои он аз паҳн намудани тафриқаандозаву аввомфиребӣ барангехтани кинаву адовати иҷтимоӣ – динӣ ва сиёсиву фарҳангиӣ дар фазои амну суботи Тоҷикистон мебошад. Кабирӣ дар ин самт бо истифода аз тамоми икниятҳои мавҷуда чоплусии худро дар назди хоҷагони ғарбии худ манфӣ муаррифӣ намудани сиёсати кунунии дохиливу хориҷии Ҳукумати Тоҷикистон нишон дода истода диққати хориҷиёнро ба худ ҷалб менамояд ва дар хизмати хоҷагони хориҷи аст. Набиев Дониёр, ки дар ин синни пиронсолагӣ ба доми Кабирӣафтидааст.Инпиронсолибехираддаркуҷомӯихудросафедкард, дар ҳоле, ки мисли пирони хирадманди дар чойхонаи кишвар нишаста, даст ба дуо бурда, шукргузорӣ намояд афсӯс ба доми кабирӣ афтод. Бо падидаҳои номатлуби худ ба доми фиреби як ҷасади сиёсӣ гирифтор шуда, дар назди наслҳои имрӯзу фардояш доғи судӣ гирифт.

Санаи 04.01.2021 Раёсати Олии ТЭТ ҲНИ изҳороти расмии худро дар қазия ҳукми зиндонии Набиев Донаёр, ки комиссияи тафтишотии ТЭТ ҲНИ -ро дар ноҳияи Рӯдакӣ сарварӣ мекард, дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн намуд.

Дар изҳороти мазкур қайд карда мешавад, Набиев Дониёр ки ба иттиҳоми расондани кумаки молӣ ба хонаводаи аъзоёни дар маҳбасбудаи ТЭТ ҲНИ боздошт гардида аст.

Лекин дар ин қазия саволҳое пайдо мегарданд, ки ба онҳо бояд дар доираи инсоф ҷавоб бояд гуфт.

Дар ин қазия хоҷагони пасипардагии ин иғвогарон ёрии худро моҳирона аз тарафи Набиев Дониёр иҷро намуданд. Сад афсӯс дониста ва ё надониста ин пирамард қурбони бозии онҳо гардида аст.

Хулосаи қазия чунин аст , ки Набиев Дониёр дар байни аъзоёни дар аврупо будаи ТЭТ ҲНИ ва хонаводаи онҳо вазифаи миёнравиро иҷро мекард. Ин ашхос аз маблағҳое, ки аз хоҷагони худ мегирифтанд, қисми муайянро ба Набиев Донаёр мефиристоданд ва ӯ онҳоро ба аёли онҳо дастрас менамуд. Ва садақа ва ё расонидани кӯмаки молӣ дар ин қазия пардае беш нест.

Дар асоси ин далелҳо гуфтан мумкин аст, ки Набиев Дониёр бо аъзоёни гуруҳи террористӣ (дар асоси қарори Додгоҳи Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳизби мазкур созмони террористӣ эълон гардида аст) ҳамкорӣ менамуд. Дар асоси қонунҳои амалкунанда ҳамдастӣ бо созмонҳои террористӣ ҷиноят ба шумор меравад. Чун ҳизби мазкур дар асоси қарори Додгоҳи Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон созмони террористӣ эълон гардида аст ва фаъолияти он дар қаламрави Тоҷикистон манъ аст, пас Набиев Дониёр бо аъзоёни созмони террористӣ ҳамдастӣ намуда аст. Дар Тоҷикистон ҳамдастӣ бо созмонҳои террористӣ ҷиноят ба шумор меравад ва ин пирамарди 87-сола айбдор аст ва бояд дар назди қонун ба кардаи худ ҷавоб диҳад.

Бовари комил дорам, ки дар вақти мурофияи суди синну соли ин шаҳрванд ба инобат гирифта шудааст.

Ҳошимова Ш.Ф. факултети таърих ваҳуқуқ. ДДХ. ба номи академик Б.Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ