Изҳорот: Мо ҷонибдори сулҳ!

Масъалаи баҳсноки деҳаи Тоҷикони ҷамоати Ворухи Исфара ва ҳамсоякишвар Қирғизистон то ҳанӯз идома дошта, боиси нигаронӣ аст. Муноқиша аввал миёни сокинони деҳаи Тоҷикони ҷамоати Ворухи Исфара ва Оқсой-Тамдиқи вилояти Бодканди Қирғизистон рух дода, баъди баста шудани роҳ ба Хоҷаи Аълои ҷамоати Чоркӯҳ "кӯчидааст". Ҳолати бештари нигаронкунанда аз ҷониби ҳамсоякишвар Қирғизистон мушоҳида мешавад.

Зеро ин кишвар ҳатто баъди гуфтушунидҳои ҳукуматдорони тарафайн онро дар амал тадбиқ накарда, фишори онҳо ба сокинони деҳаи Тоҷикони ҷамоати Ворухи Исфара мушоҳида мешавад. Ин амал барои мардуми тоҷик нигаронкунанда аст. Зеро аз азал мардуми тоҷик сулҳҷӯ буда, кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки бо ҳамсоя дӯст бошад. Аммо бо вуҷуди амали мо тоҷикон сулҳҷӯёна будан ҳамсоякишвар аз он сӯистифода мекунанд. Ҳарчанд чанде кабл дар Ботканд ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба таъин ва аломатгузорӣ дар сарҳади давлатии кишварҳо баргузор шуда бошад ҳам, Қирғизистон баъзан амалҳои ғайриқонуниро нисбати сокинони деҳаи Тоҷикони ҷамоати Ворухи Исфара раво мебинанд.

Аз нуқтаи назари ислом ва ҳам қонун амалҳои ҳамсоякишвар ба ягон чаҳорчӯба ҷавобгӯ набуда, бояд ба он хотима бахшида шавад. Албатта мардуми тоҷик танҳо ҷонибдори сулҳ аст ва бояд ин мавқеро Ҷумҳурии Қирғизистон низ дошта бошад. Умед мекунем, ки ба наздики ин масъала ҳаллӣ худро ёфта ҷонибҳо ба созиш меоянд.

Ҳакимова Зумрадхон,

дотсенти кафедраи

умумидонишгоҳии фалсафа

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ