​Дифои рисолаҳои илмӣ муборак!

Дар Шӯрои диссертатсионии 6D.KOA-027 назди Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” аз рӯйи ихтисоси 130001 – Педагогикаи умумӣ, таърихи педагогика ва таҳсилот (илмҳои педагогӣ), барои дарёфти дараҷаи номзади илмҳои педагогӣ Саидзода Мушарраф Саид дар мавзӯи “Тайёр кардани омӯзгорон ба фаъолияти инноватсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ” ва Дадобоев Музаффарҷон Абдухолиқович дар мавзӯи “Инкишофи шавқи маърифатии хонандагон тавассути технологияи иттилоотӣ-коммуникативӣ дар раванди таълим (дар асоси маводҳои фанни география)” рисолаҳои илмии худро дифоъ намуданд.

Ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ устодони болозикрро барои дифои рисолаҳои илмӣ шодбош намуда, тавфиқи ҳамешагӣ, офият ва саломатии бардавомро орзу менамояд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ