​Изҳорот: Ахборком ва пушаймонии бесуд

Хабари қатъи фаъолияти сомонаи “Ахборсом” чанде аз асрори пушидаи дастандаркори онро ошкор намуд. Аввал ин ки ҳадафи аслии чунин сомонаҳои иғвоангез бо паҳну нашри ҳар гуна хабарҳои ихтилофангезие беш намуд, чун ҳамагӣ хостори эҷоди халал ба фазои орому суботи кишвар буданд. Махсусан, дар соле, ки дар кишвари мо ду интихобот баргузор гардид ва хушбахтона онҳо, ки яке аз ҳадафҳояшон ба пахши чунин мавод таъсиргузорӣ ба андешаву афкори ҷомеа буд, ба мақсади худ нарасиданд. Чун мардуми тоҷик ҳамакнун бо гузашти наздик ба 30 сол таҷрибаҳои нодире аз воқеоти таърих андухтаанд ва мехоҳанд, ки дигар он рўзҳо барнагарданд ва кишвар орому осуда бошад.

Ҳоло ки “Ахборком” чун ба мақсади худ нарасид, натавонист худро дар назди маблағгузоронаш сапед гуфта ва он ҷониб ҳам дигар барои ин сомонае, ки ҳадафашонро пиёда карда натавонист, маблағе сарф намекунад. Дар ҳамин ҳоли баста шудан ҳам Мирзои Салимпур мехоҳад, ки ин ҳақиқати ноуҳдабароии хешро дар назди хоҷагонаш пинҳон дошта, айбро боз ҳам ба гардани мақомоти судии Тоҷикистон мегузорад. Албатта, сомонае, ки ҳадафҳои гуруҳҳои террористиро тарғиб мекунад, дар кишвари мо бояд манъ шавад, чун барои чунин гуруҳҳое, ки оромишу суботро дар ҷомеа намехоҳанд, дар мамлакати мо ва дар тамоми кишварҳои олам ҷой нест.

Аз назари дигар, ҷомеаи Тоҷикистон ҳам зимнан ҳақиқати фаъолияти ин сомонаро шинохт, зеро аксаран хабарҳои иғвогаронаро пахш мекунад. Гўё дар Тоҷикистон пешрафту ободӣ, корномаҳои созанда мавҷуд несту фақат камбудӣ ҳаст. Имрўз эҳсос мешавад, ки ў аз кардааш пушаймон аст, аммо ин пушаймонӣ акнун суде ҳам надорад.

Равшан Давлатов, устоди ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ