​Ба таваҷҷуҳи олимону муҳаққиқони донишгоҳ!

Тибқи иттилоъи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон рӯзи 28-уми ноябри соли 2020, соати 09:00 Конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи "Таърих, анъанаҳо ва дурнамои рушди ҳунарҳои мардумӣ", бахшида ба эълон гардидани солҳои 2020-2021 "Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" бо риояи талаботи пандемия (COVID- 19) баргузор мешавад.

Аз ин рӯ, олимону муҳаққиқони муассиса метавонанд мақолаҳои илмии худро то 17.11.2020 тариқи хаттӣ ва электронӣ ба суроғаи design_2013@list.ru ирсол намоянд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ