Бадхоҳи касон, ба мақсад нарасанд

Намоиши қисмати чоруми филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” тавассути шабакаи телевизионӣ идомаи се қисмати филми мазкур буда, дар он парда аз рӯи ҷиноятҳои гӯшношуниди ТТЭ ҲНИ, роҳбарон, хоҷагони пасипардагии онҳо, силоҳбадастони ин ҳизби сияҳкорон, шумқадамон, фитраткушон, ки ба сари мардуми тоҷик бадбахтиҳои зиёде оварданд, бардошта мешавад.

Дар филм дар асоси далелҳои раднопазир, сабтҳои видеоии мустанад, нақли шоҳидони бевоситаи воқеаҳои сангину нангини солҳои аввали истиқлолият тамоми кору кирдори ваҳшиёна, сурату сирати ғайриинсонии худобехабарон, маслакгумкардаҳо, хоинони миллат, Ватан, дину мазҳаби мо воқеъбинона инъикос ёфтааст.

Тамошои филм ҳар бинандаро ба риққат, ҳолати ногувор, хашму ғазаб нисбат ба кору кирдори ваҳшитинатон ва даррандагони хунхори ТТЭ ҲНИ меорад. Дар филм аҳволи риққатовари гурезагон, гиряи кӯдакони маъсум, фиғони модарони фарзандгумкарда, сӯхтану шикастанҳо, бераҳмии ҳаммиллатони мо, ки худро тоҷику тоҷикистонӣ меҳисобанд, вале хуни тоҷикро рехтанд, намоиш дода шудааст.

Аз тамошои филм як падидаи хеле ногувор, аз табиати инсонӣ фарсахҳо дур ба назар мерасад, ки тамоми фаъолияти ТТЭ ҲНИ аз оғози ба саҳнаи сиёсӣ пайдо шуданаш, танҳо як кору амали зишт – террор, куштор, сӯхтор, гаравгонгирӣ, дуздиву ғоратгарӣ, яъне мардумро ба тарсу ҳарос афкандан ва ба ин васила амалӣ кардани мақсаду мароми палидонаи худ буд.

Дар филм оид ба таърихи пайдоиши ин ҳизби наҳсу бадкирдор, саркардагон ва “доҳиёну” сарварони ғоявии бадомӯзу бадандеши он, мисли Саид Абдуллои Нурӣ, Ҳимматзода, Қорӣ Муҳаммадҷон, Раҳматуллои “аллома”, Мулло Абдуғаффор, Қорӣ Қиёмиддинӣ Ғозӣ ва дигар “алломаҳо”- ву “бузургон”-и бебасари он маълумот дода мешавад.

Фармондеҳону қумондонҳои гурӯҳҳои силоҳбадасти ин ҳизбихуношом, мисли бародарон Ризвон ва Баҳром Содировҳо, Мулломаҳрам, Муллоҷага, Ҳоҷӣ Ҳалим ва ғайра, ки муттаасифона дар номашон часпакҳои “мулло”, “шайх”, “ҳоҷӣ”, “ғозӣ”, “қорӣ” вуҷуд дораду аммо аз ин унвонҳои сохтаву бофта фарсахҳо дуранд ва дар асл бо лақабҳои Гитлер ва дигар чеҳраҳои хунрез машҳуранд, бо кирдорҳои бераҳмонаашон ба ғазаби мардум гирифтор гаштаанд ва оқибат шармандаву расвои олам гардиданд, чуноне, ки фармудаанд:

Ҳар он к-ӯ мардумӣ дорад дар озор,

Ба расвоӣ нишонад охири кор.

Дар филм дар бораи бераҳмиҳои каллабуррони силоҳбадасти ТТЭ ҲНИ, азобу шиканҷаи ваҳшиёнае, ки нисбати мардуми бечораву бегуноҳ раво медиданд, ҳабсхонаи асосиионҳо – ҳаммоми совхози “Туркманистон”, ки воқеан ба лагерҳои фашистон шабоҳат дошт, нигоҳ доштани асирон, ба гаравгон афтодагон дар бочка – систернаҳо, бешармона ва бераҳмона талаб кардани пулу пайса ва доллар аз хешу табори ба гаравгон гирифташуда, таҷовуз ба номуси занону духтарон ва дигар кирдорҳои аз инсонгароӣ, мусулмонӣ фарсахҳо дури наҳзатиёни худобехабар далелу санадҳои шайъӣ оварда мешавад.

Филм башараи аслии яке аз “доҳиён”-и демократҳо, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон Шодмони Юсуф, ки аз лӯхтак, бозичаи саридастӣ ва арӯсаки ТТЭ ҲНИ беш набуд, фош месозад. Ин “файласуф”-и бехирад ва ақл гумкарда дар он рӯзҳои мудҳиш ситоди “Наҷоти Ватан”-ро таъсис дода буд, ки он аслан, на наҷоти Тоҷикистон, балки ситоди фоҷиа, бадбахтиҳо гардид. Ӯ бемасъулиятона изҳор карда буд, ки дар ҳолати дахолат ё кӯмаки ҳарбии Русия ё ҷумҳуриҳои ҳамсоя ба Тоҷикистон ҳизбу ситоди хиёнатпешаи ӯ аз Эрон ва Афғонистон кӯмаки ҳарбӣ ҳоҳанд пурсид. Ӯ тамоми русҳои муқими Душанберо гаравгон эълон карда, сабаби фирори ҳазорон мутахассисон, табибон, омӯзгорон, муҳандисон, авҷи маҳаллгароӣ, миллатгароӣ, хусумати байниҳамдигарии намояндагони минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон ва миллатҳои дигари сокини он гардид.

Меросбари онҳо собиқ раиси ТТЭ ҲНИ, ҳоло муассиси “Паймони миллӣ” Муҳиддин Кабирӣ, ки аз наҳзатиёни паймоншикан, думравон, косалесон ва дигар ашхоси фурӯмояву радди маъракагашта иборатанд, имрӯз низ кирдорҳои “устодону пирони” худро идома медиҳанд ва мехоҳанд, ки Тоҷикистонро бори дигар ба гирдоби кашмакашиҳои сиёсӣ кашанд.

Филми мустанади “Хиёнат” воқеан як далелу бурҳони қотеъ, санади раднопазирест, ки тамоми фаъолият, кору кирдори палидонаи ТТЭ ҲНИ, поягузорон, “падарон”-и маънавӣ, хоҷагони пасипардагӣ, разолат, қабоҳат, бераҳмиву бешавқатии наҳзатиёни хиёнатпеша, фурӯхташуда, душманони миллат, сулҳу ваҳдат ва истиқлолияти моро, ки яке аз сабабгорон ва ташкилкунандагони аслии ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон буданд, фош ва собит месозад.

Ҳамин тариқ, аз намоишифилми мазкур мардуми шарафманди тоҷик чеҳраи аслии ин душманони миллатро ба хубӣ шинохтанд ва ҳеҷ гоҳ ба доми фиребу найранги онҳо нахоҳанд афтод ва ин хиёнаткорон ҳаргиз ба мақсадҳои палиду нопокашон нахоҳанд расид, чуноне,ки шоир фармудааст:

Хоҳӣ, ки зи кас газандат нарасад,

Бадгӯву бадомӯзу бадандеш мабош.

Ш.Шарифов, И.Ҷабборов, устодони МДТ “ДДХ ба номи академик Бобофон Ғафуров”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ