"Андешаҳои баргузидаи Пешвои миллат"

Таҳти унвони «Андешаҳои баргузидаи Пешвои миллат» китоби нав ба ду забон - тоҷикӣ ва русӣ интишор гардид. Дар ин бора АМИТ “Ховар” иттилоъ додааст. Мураттибони маҷмӯаи иқтибосҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Нуралӣ Нурзод ва Зафар Саидзода мебошанд.

Дар маҷмӯа иқтибосҳо аз суханрониҳо, мақолаҳо ва китобҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи Тоҷикистон, Истиқлоли давлатӣ, арзишҳои фарҳангию таърихӣ, ахлоқ ва тарбия, посдории забон, модар, Ватан ва рисолати ҳамзамонони мо оварда шудаанд.

Бино ба иттилои АМИТ “Ховар”, маҷмӯа аз дебоча ва 12 боб иборат аст: «Тоҷикистони соҳибистиқлол — гаҳвораи ҳастии мо», «Худшиносӣ ва ифтихори миллӣ», «Муқаддасоти миллӣ», «Ваҳдати миллӣ», «Забони мо — ҳастии мо», «Инсон ва ғояи созандаи ӯ», «Ахлоқ ва тарбия», «Ситоиши зан — модар», «Ҷавонон — ояндаи миллат», «Тоҷикистон — Ватани Наврӯз», «Асри тиллоӣ» ва «Шахсиятҳои фаромӯшнашуданӣ».

Дар маҷмӯа иқтибосҳо аз суханрониҳо, мақолаҳо ва китобҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи Тоҷикистон, Истиқлоли давлатӣ, арзишҳои фарҳангию таърихӣ, ахлоқ ва тарбия, посдории забон, модар, Ватан ва рисолати ҳамзамонони мо оварда шудаанд.

Гуфта мешавад, ки китоби мазкур дар тарбияи ҷавонон дар руҳияи садоқат ба Ватан ва ҳидояти ҷомеа ба сӯйи гиромидошти арзишҳои миллӣ аҳамияти муфид мегузорад.

Лозим ба зикр аст, ки устоди МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”, номзади илмҳои филологӣ Нуралӣ Нурзод яке аз мураттибони ин китоби тозанашр мебошад.

P.s. Акс аз АМИТ “Ховар”

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ