​Аз бозию мавқеи омӯзгор то мураббияи сол

Дар факултети психология ва таҳсилоти томактабии Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” маҳфили илмӣ – назариявии “Мураббияи эҷодкор” ташкил ва баргузор гардид.

Дар маҳфил устодону донишҷӯён дар мавзӯъҳои “Мавқеи бозиҳои дидактикӣ дар фаъолияти амалии кӯдакон”, “Мавқеи касби омӯзгорӣ дар ҷомеа”, “Аз эҷодкории мураббия то мураббияи сол”, маърӯза намуда, доир ба масоили дар амал татбиқ намудани бозиҳои дидактикӣ, тарзи гузаронидани машғулияти намунавӣ ва истифодаи усулҳои замонавӣ табодули афкор намуданд.

Мавриди зикр аст, ки дар маҳфили “Мураббияи эҷодкор” ҷиҳати нишон додани машғулияти намунавӣ ва истифодаи усулҳои замонавӣ кӯдакони кӯдакистони №8-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷалб карда шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ