​Омӯзиш дар асоси тадқиқотҳои илмӣ

Тайи 2 сол аст, ки дар доираи лоиҳаи ERASMUS+ EXTEND “Беҳдошти таҳсилоти муҳандисӣ тавассути омода намудани омӯзгорон ва методҳои нави педагоги дар Русия ва Тоҷикистон”мутахасисони соҳаҳои муҳандисӣ ва технологии донишгоҳ дар семинару тренингҳо, курсҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси як қатор донишгҳҳои бонуфузи Иттиҳоди Аврупо ва Федератсияи Русия ширкат меварзанд. Дар доираи лоиҳа мутахасисони мо дар ҳамкорӣ бо шарикони хориҷии лоиҳа якчанд мақолаҳо дар ҳаммуалифӣ, даструҳои таълимӣ ва методӣ таҳия ва ба чоп расониданд. Яке аз чунин иқодми наҷиб таҳияи модули“Resaerch Based Learning” Омӯзиш дар асоси тадқиқотҳои илмӣ” ном дошта, аз ҷонибимутахасисони соҳаҳои муҳандисӣ, технологияҳои иттилоотӣ,фалсафа ва ҷомеашиносӣ, педагогӣ ва равоншиносӣ таҳия кардашудааст.

Мутобиқи нақшаи тасдиқгардидаи лоиҳаи мазкур курсҳои кӯтоҳмуддати пилотӣ дар факултетҳои телекоммуникатсия ва ТИ, физика ва техника ва шуъбаҳои магистратурву аспирантура барои магистрантон, аспирантон ва омӯзгорони ҷавон аз санаи 25.03.2020 оғоз ёфта, то санаи 05.04.2020 идома меёбад. Хоҳишмандон метавонад дар ин курсҳо ширкат варзанд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ