Кувваи мо дар сарчамъист!

Бемории коронавируси нав 2019 (COVID-19), ки аз ҷониби СУТ санаи 11 марти соли 2020 ҳамчун пандемия эълон гардидааст, ки аввалин маротиба санаи 31 декабри соли 2019 ба қайд гирифта шуда, бемории роҳи нафасро аз шамолзании оддӣ сар карда то ба бемориҳои нисбатан шадид, ки ба марг оварда мерасонад, эъҷод мекунад.

Ба ҳамагон маълум аст, ки таи чанд моҳи охир тамоми дунёро вабои аср, бемории COVID -19 фарогир аст, мардуми тамоми мамлакатҳои дунё дар муттаҳидӣ бо Ҳукумати роҳбарияти мамлакаташон бар зидди ин беморӣ мубориза бурда истодаанд.

Ин бемориро мо танҳо дар муттаҳидӣ ва сарҷамъӣ паси сар карда метавонем.

Қобили зикр аст, ки аз рӯзҳои аввалини пайдоиши ин беморӣ дар дигар мамлакатҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмин7и солимии миллат, тамоми чораҳоро андешид ва то имрӯз ҳамаи имкониятҳоро истифода карда, кӯшиш ба харҷ дода истодааст, ки ҳарчи зудтар ин беморӣ аз байн бурда шавад.

Инчунин бояд қайд намуд, ки аз тарафи як қатор мамлакатҳои ба мо дӯсту ҳамсоя ба ҷумҳурии мо барои рафъи ҳар чи зудтари ин беморӣ кӯмакҳои башардӯстона равон карда шуда истодаанд.

Ногуфта намонад, ки муборизаи дастаҷамонаи зиёиёни кивар, соҳибкорони ватанӣ ва бурунмарзӣ, инчунин валантёрон бар зидди бемории пандемияи ҷаҳонии COVID -19 ҳамарӯза назаррас аст. Дар самти корҳои тарғиботӣ фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати пешгирии бемории COVID -19 дар ҳамкорӣ бо шӯъбаҳои ҷавонон ва кор бо занон ва оилаи мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ҳамаи чораҳо лозима ба роҳ монда шудаанд. Дар чунин лаҳзаҳои ҳассос аз мо лозим меояд зиракии сиесиро аз даст надода фирефтаи хар хел овозахо нашавем. Мувофики талабу тавсияҳои табибон амал намуда, сиҳатии худу наздиконамонро эмин дорем.

Мо бояд ҳамбаста гирони шондиҳем ва тамоми саъю кӯшишамонро дар мубориза бар зидди пандемия идомадиҳем.

Кувваи мо дар сарчамъист!

Cармуаллимаи кафедраи

идоракунии иқтисодиёт ва маркетинг Ишонова С.С.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ