Силсилабарномаи телевизионии "Чароғи маърифат"

Дар асоси дастур ва раҳнамоии ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷӯразода минбаъд силсилабарномаи "Чароғи маърифат", ки аз дирӯз ва имрӯзи МДТ "Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров" давра ба давра ҳикоят мекунад, тавассутси Студияи телевизионии таълимии "Фурӯғ"-и донишгоҳ таҳия карда мешаванд.

БАРНОМАИ АВВАЛ: Барномаи аввали "Чароғи маърифат" аз оғози таъсисёбии боргоҳи бузурги маърифат дар шимоли кишвар МДТ "Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров" нақл мекунад. Дар барнома андешаҳои устодон, таърихшиносон ва собиқадорони илму маърифат андешаҳои худро перумони таъсис ва ташкили донишгоҳ баён намудаанд. Дар барномаи аввалин перумони хидматҳои мондагори онҳое, нақл шудааст, ки дар таъсиси ин боргоҳи маърифат нақши муассир гузоштаанд. "Чароғи маърифат" ёдномаи аввалин устодон ва донишҷӯёне, ки дар ин боргоҳ таҳсил ва кор намудаанд.

Силсилабарномаи "Чароғи маърифат"-ро тавассути сомона ва шабакаҳои иҷтимоии донишгоҳ, ютуб-канали https://www.youtube.com/channel/UCgBRVBTwrixzsaniz... ва телевизионҳои маҳалливу вилоятӣ пайгирӣ намоед!


МАРКАЗИ ИТТИЛООТ